Ovozi.uz

Матбуот — оинаи ҳаёт!

Суҳбат бо Гулрух Мӯминова, мудири варзидаи шуъбаи саломатӣ ва занону духтарони рӯзномаи «Зарафшон», ғолиби озмуни байналхалқии «Олтин қалам» (соли 2009), озмуни ҷумҳурии «Журналисти аз ҳама фаъоли сол» (2020), соҳиби ордени «Шуҳрат» (соли 2025).

Ӯ яке аз кормандони фаъоли матбуот аст, ки умри хешро сарфи қалам намуда, бо кордониву маҳорат, самимияту муносибати нек ба атрофиён соҳиби ҳам бахту ҳам қадр гардидааст.

— Аксарияти журналистон мегӯянд, ки аз айёми бачагӣ ба хабару мақола, шеъру ҳикоя навиштан оғоз кардаанд, — гуфт Гулрух Комиловна дар оғози мусоҳиба. — Аммо барои ман ин ҷараён дигар хел буд. Агар хотирам фиреб надиҳад, он солҳо дар синфи панҷ ё шаш мехондам ва рӯзномаҳои «Ленин йӯли» ва «Ленинский путь» (ҳоло «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник») дар як ҳафта панҷ маротиба рӯи чопро медиданд. Вазифаи ман ҳар рӯз онҳоро аз дӯкон гирифта оварда, болои мизи кории падарам гузоштан буд. Қиблагоҳи шодравонам Комил Мӯъминов дар Донишкадаи кишоварзии Самарқанд ҳамчун профессор, доктори фанҳо фаъолияти пурсамар бурда, ба матбуоти даврӣ дилбастагӣ доштанд. Агар бо баъзе сабабҳо рӯзномаҳои падарам дар болои мизи кориашон гузошта нашаванд, суҳбати мо ранги ҷиддӣ ва каме гилаомез мегирифт.

Вақте ки падарам дар омади гап бо атрофиён ё ҳамкасбони ба меҳмонӣ омада дар атрофи ягон мақолаи баҳсангез мубодилаи афкор мекарданд, дар дили ман орзуи журналист шудан пайдо мешуд.

Албатта, мутолиаи асарҳои бадеӣ ба одат табдил ёфт. Чӣ ҷойи руст кардан, баъзан падарам мегуфтанд, ки барои ман хондани ин ё он китоб барвақт аст, лекин бо ҳар роҳу восита онҳоро варақ зада мебаромадам. Шояд аз ҳамин сабаб, баъди соҳиби номаи камол шудан бо маслиҳату машварати волидон ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурда, аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузаштам. Дар мактаби олии мазкур аз устодони арҷманд Акбар Нурматов, Шавкат Ҳасанов, Тоҳир Қурбонов, Зафар Пардаев ва дигарон бисёр чизҳоро омӯхтам. Дар солҳои таҳсил дар донишгоҳ обрӯ ва эътибори талабагон аз китобхонии онҳо муайян мегашт.

— Нахустин мақолаҳои шумо дар кадом маҷалла ё рӯзнома рӯи чопро диданд?

— Солҳои таҳсил рӯзномаи «Регистон» мухлисони бешумор дошт, ки мо ҷавонон барои таҷрибаомӯзӣ маҳз ба идораи ҳамин нашриёт рафта, истеъдоди худро сайқал медодем. Хеле сипосгузорам аз устодам Гулчеҳра Алибоева, ки роҳбари қатъӣ, сахтгир, вале меҳрубону дилсӯз буд. Боре ӯ маро барои мусоҳиба бо зани имконияташ маҳдуду ногироии гурӯҳи якум дошта, ба хонаи ӯ фиристод. Рости гап, аз сабаби ҳанӯз донишҷӯ будан, таҷриба надоштан ва ё муҳити тоқатфарсои оилаи вай, саволҳо аз хотирам бардошта шуда, ба ҳоли табоҳи ӯ қариб оби дида кардам, вале худро ба даст гирифта, баъзе чизҳоро пурсида, ба дафтарам навиштам. Дар асоси ҳиссиёт коғаз сиёҳ карда мақолае иншо намудам. Дертар дарк намудам, ки хабарнигор на дар асоси ҳиссиёт, балки дониш, ҷаҳонбинии васеъ, ба ҳар як муаммоҳои сарбаста ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуд дурандешона муносибат бояд кунад. Бо гузашти айём ва тақозои касби журналистӣ бо бисёр шахсони синну сол, касбу кор ва дараҷаи илмиашон гуногун сӯҳбат ороста, хулоса кардам, ки журналист қатъи назар аз давру замон, мансабу вазифа озоду мустақил ва маҳорати баланд дошта бошад, ба муроди дил мерасад.

— Фаъолияти меҳнатии шумо дар куҷо оғоз ёфт?

— Баъди ба даст гирифтани дипломи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дар рӯзномаи «Даракчӣ» кор кардам. Муҳаррир Анвар Намозов, ки инсони хоксору росткор, дилёбу дарёдил ва одамшинос буд, маро хуш истиқбол гирифт ва якбора ба вазифаи котиби масъул таъин кард. Рӯзнома на танҳо дар Самарқанд, инчунин қаламрави Ӯзбекистон ва берун аз он мухлисони бисёр дошт. Маҳз дар ҳамин нашрия бидуни муболиға истеъдоди камина сайқал ёфт. Гоҳ-гоҳ баҳсу мунозира оиди мақолаҳоям дар байни мардум авҷ мегирифт. Ана барои чӣ зуд дарк намудам, ки мардум ба навиштаи ман бефарқ нестанд ва он маҷбур мекунад, ки журналист ҳамеша аз ҷамъият як қадам дар пеш бошад. Воқеан, кор дар идораи рӯзномаҳо хеле мушкил аст, ки хабарнигор ба хотири сари вақт ва оҷилан дастрасӣ доштани муштарӣ ба навидҳо, ҳамеша чун моку дар ҳаракат ва такопӯ аст. Аммо заҳматҳои пайваста аз кормандони идора таҳаммул ва истодагарӣ талаб менамояд. Сипас, ба занги телефон ва мактубҳои обуначиёну мухлисон бефарқ нашудан лозим. Ман бовар дорам, ки ба ҳамаи номаҳои мухлисонам ҷавоб додаам.

— Мо гувоҳ ҳастем, ки на танҳо дар рӯзномаи «Зарафшон», инчунин «Самаркандский вестник» ва ҳатто «Овози Самарқанд» тамоми муштариён бо исму насаби журналист Гулрух Мӯъминова шинос ҳастанд.

— Ташаккур, барои эътибор! Камина бо рӯзнома ва маҷаллаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дорам. Зеро муҳаррир ва ё дигар масъулони нашрияҳои кишварамон занг зада, супориш медиҳанд, ки дар ин ё он мавзӯъҳо чизе иншо намуда, ирсол намоям. Дар рӯзномаи «Зарафшон» фаъолияти худро аз вазифаи мусаҳҳеҳ оғоз карда будам, имрӯз мудири шӯъбаи саломатӣ ва зан-духтарон ҳастам. Дар ин маскани муътабар аз устодони соҳиби қалами сеҳрангез чун Фармон Тошев, Манноб Ибодуллоев, Ғолиб Ҳасанов ва дигарон бисёр сабақ гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки эҷодиёти ман ба муштариёни рӯзнома писанд ояд.

— Ҳар як эҷодкор адиб ва журналисти дӯстдоштаи худро дорад…

— Мазмуни саволатон фаҳмо. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна китобҳои Абдулло Қодирӣ, Ӯткур Ҳошимов, Саид Аҳмад, Фёдор Достоевский, Антон Чехов, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, асарҳои журналистони маъруф Анвар Ҷӯрабоев, Отахон Латифӣ, Аҳмадҷон Мухторов, Дилбар Саидова, Қутлибека Раҳимбоева, Галина Троиская ва дигаронро бо завқу шавқ мутолиа менамудам ва ҳоло ҳам онҳоро баъзан дубора варақ мезанам.

— Шумо вақтҳои охир дар бораи занону духтарон ва муаммоҳои онҳо бисёр менависед.

— Бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон, доир ба ҷиҳати таъмини иштироки бонувон дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занҳо, баробарҳуқуқии онҳо фармону қарорҳои судманд бароварда шуданд, вале афсӯс, ки дар масъалаи занону духтарон муаммоҳои сарбаста мавҷуд, ки барои ҳалли онҳо бештар бонувони журналист бонги изтироб зада, барои беҳдошти он кӯшиш ба харҷ диҳанд ва ман ҳам дар ин қатор мебошам.

— Таманнои шумо ба журналистони ҷавон?

— Боиси хушнудист, ки журналистикаи мо дар замони истиқлолият мазмуну мундариҷаи нав ва ба замона хос гирифт. Ман мехоҳам, ки ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ пешоҳанги Эҳёи сеюм шуда, бо қалами бурро барои пешрафти Ӯзбекистони Нав хизмати шоиста карда, анъанаҳои неки гузаштагони худро идома диҳанд ва чун Саидризо Ализода парчамбардори Ватан бошанд!

Мусоҳибон
Сарвинисо НАРЗУЛЛОЕВА ва Зоҳир ҲАСАНЗОДА