Ovozi.uz

Аз 1-уми июл дар қонунгузорӣ чиҳо тағйир меёбанд?

— Нафақа, кумакпулӣ ва кумакпулии фарзандони оилаҳои камбизоат ва пардохтҳои ёрии моддӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад;

— Тартиби соддаи додани нафақаҳои давлатӣ ва ҷубронпулӣ ба шаҳрвандон ҷорӣ мегардад;

— Намунаи электронии шиноснома (паспорт) ва ҳуҷҷатҳои дигар расман эътибор пайдо мекунад;

— Миқдори нафақаи кӯдакон меафзояд;

— Хусусӣ намудани майдону боғҳои мансуб ба ташкилот ва муассисаҳои таълимии давлатӣ манъ карда мешавад;

— Маҳдудияти содироти тамоми молҳо бекор мегардад;

— Музди кори кормандони муассисаю ташкилотҳои давлатии маданият зиёд мегардад;

— Фаъолияти операторони тиҷорати электронӣ бо тартиби хабардор кардан татбиқ мегардад;

— Тартиби қабули қарорҳои пешакии мақомоти гумрук оид ба истифодаи имтиёзҳои нисбат ба молҳо дар асоси талабҳои созишномаи содда кардани тартиботи тиҷорат ҷорӣ мегардад;

— Болои сохтори пардохт ва пули электронӣ, инчунин фаъолияти ташкилотҳои пардохт назорат пурзӯр карда мешавад;

— Аз тарафи Агентии миллии самарадории энергия, ба миқдори на бештар аз 50 баробари миқдори ҳисоби базавӣ субсидия ҷудо карда мешавад.