Баҳори имсола дертар омада бошад ҳам, хушаҳои гандум аллакай пухта, ҳосили ғаллазорҳо дар вақти худ омодаи дарав шудааст. «Ҳа» нагуфта ба мавсими ҷамъи ҳосили гандум оғоз бахшида мешавад. Вале оё техникаҳои ғунду гири ғалла ва гурӯҳҳои корӣ ба мавсим омодаанд?
Барои донистани ҷавоби ин савол, гурӯҳи ходимони васоити ахбори оммавӣ, ки зимни пресс-тур ба ноҳияи Пастдарғам меҳмон шуданд, аз Заводи пахтатозакунии Ҷумъаи мансуб ба «Камалак тех»-и ноҳия диданд карданд. Зеро мошинҳои ғалладарав дар он ҷо нигоҳ дошта мешудаанд.
Дар завод масъулони ноҳия оид ба омодагиҳои мавсими ғалладарави имсола маълумот дода, иштирокдорони пресс-турро бо шароитҳои техникаҳои ғалладарав шинос намуданд.
— Барои ҷамъоварии ҳосили имсолаи ғалла, ки дар 17636 гектар замини обии ноҳия парвариш карда мешаванд, 34 комбайн омода карда шудааст, — гуфт сармутахассиси ҷонишини ҳокими ноҳия оид ба масъалаҳои хоҷагии деҳот Рустам Эшқобилов. — Бо оғоз гардидани мавсими дарав, 34 отряд ташкил карда шуда, ба ҳар як отряд 1 комбайн фиристода мешавад. Комбайнҳои CLAAS-DOMINATOR-130 дар як рӯз то 60-70 тонна, комбайнҳои Case бошанд, дар як рӯз то 100-120 тонна ҳосили ғалларо ҷамъ карда метавонанд. Мавсимро бо 34 комбайн оғоз намоем ҳам, дар миёнаҳои мавсим комбайнҳои дигар ноҳияву вилоятҳо, ки мавсимро пештар оғоз карда, пештар тамом мекунанд, ба ёрии мо меоянд ва теъдоди комбайнҳои мо аз ин ҳам зиёд мешавад.
— Барои таъмир ва насби қисмҳои зарурии техникаҳо 1 миллиарду 118 миллион сарф гардида, техникаҳо омода карда шуданд, — гуфт сармутахассис оид ба назорати ҳолати техникаҳои шӯъбаи Агроинспексия дар ноҳияи Пастдарғам Шуҳрат Қурбонов. — Ба ҳар яки операторҳои комбайн, ки дар мавсим иштирок мекунанд, пеш аз оғози мавсим ҳамчун аванс ду халта орд, 10 литр равған, 1,5 миллион маблағи пулӣ дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар ноҳия мавсими ғалладарави имсола аз 20-уми июн оғоз мегардад.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
