Дар шаҳри Самарқанд аз рӯйи ташкили мониторинг ва назорати ҷамоатии иҷрои Стратегияи “Ӯзбекистон-2030” ва Барномаи давлатии соли 2024, инчунин, ба аҳолӣ расонидани вазифаҳои дар барнома баёнгардида чорабиниҳои мониторингӣ ва ҷамоатӣ гузаронида шуд.
Нахуст дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд тадбир доир гардид, ки дар он узви Сенати Олий Маҷлис, депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ, коршиносони Маркази “Стратегияи тараққиёт”, масъулони Ҳаракати “Юксалиш”, инчунин, намояндагони садорат, корхона, ташкилот ва муассисаҳои вилоят иштирок карданд.
Дар чорабинӣ узви Сенати Олий Маҷлис Ф.Тошев дар бораи моҳияти чорабиниҳои мониторингӣ ва ҷамоатӣ, иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази “Стратегияи тараққиёт” Элдор Туляков роҷеъ ба мақсадҳо, самт ва вазифаҳои усутвори Стратегияи “Ӯзбекистон-2030” ва Барномаи давлатии соли 2024, роҳбари шӯъбаи минтақавии Ҳаракати “Юксалиш” дар вилояти Самарқанд Элёр Ҳамроев доир ба вазифаҳои дар барномаҳои минтақавӣ муқарраргардида ва вазъи иҷрои онҳо ҳарф заданд.
– Чанде пеш портали онлайнии “Ӯзбекистон-2030” – халқ стратегияси” ба кор дароварда шуд, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази “Стратегияи тараққиёт” Э.Туляков. – Тавассути портали мазкур аҳолии кишвар метавонанд Стратегияи “Ӯзбекистон-2030”-ро, инчунин, татбиқи барномаҳои давлатиро, ки дар асоси стратегия қабул мегарданд, натиҷаҳои онро мунтазам пайгирӣ карда, фикр, пешниҳод ва муносибати худро баён созанд. Фикр ва ташаббусҳое, ки дар платформа пешниҳод мегарданд, аз ҷониби коршиносони марказ ба система дароварда шуда, ҳар моҳ ба комиссияи ҷумҳурӣ тақдим карда мешавад.
Дар чорабинӣ ба як гурӯҳ ҳамватанонамон, ки дар раванди муҳокимаҳои ҷамоатии лоиҳаи Барномаи давлатии соли 2024 фаъол иштирок кардаанд, ташаккурномаҳои Маркази “Стратегияи тараққиёт” супорида шуд. – Фикрҳои маро дар лоиҳаи Стратегияи “Ӯзбекистон-2030” ва Барномаи давлатии соли 2024 ба инобат гирифта, барои иҷро ба роҳбарони масъул пешниҳод карданд, — гуфт дотсенти филиали минтақавии Академияи идораи давлатӣ дар Самарқанд Шаҳриёр Холбоев. – Хурсандам, ки пешниҳодам барои ояндаи мамлакат ва тараққиёти кишвар аз эътибор дар канор намонд ва бо ташаккурнома сарфароз гардидам. Таҳлил ва ҷустуҷӯҳои худро дар ин самт пайваста давом медиҳам.
Дар нимаи дуввуми рӯз иштирокдорони чорабинӣ аз як қатор ташкилоту муассисаҳои вилоят дидан карда, бо вазъи иҷрои вазифаҳои дар Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» муқарраргардида шинос шуданд.
Мухбири рӯзнома
Вазъи иҷрои Барномаи давлатӣ баррасӣ гардид
