Ovozi.uz

Пандҳои падар бояд раҳнамои ҳар як инсон бошад

Имрӯз, 16-уми апрел дар мактаби таълими умумии рақами 62-юми шаҳри Самарқанд зери шиори «Номи дуюми бахт — шукрона» тақдимоти китобҳои «Сабақҳои падарам» ва «Тарбияи чилсола»-и шоир, нависанда ва рӯзноманигор Баҳодури Убайдуллоҳ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур устодон ва хонандагони мактаб, инчунин, ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.

Иштирокдорон ва меҳмонони чорабинии адабӣ даставвал аз синфхонаи ба номи муаллими собиқи мактаб Убайдуллоҳ Раҳмонов гузошта, дидан карданд.

Сипас, дар толори фаъолони мактаб тақдимоти китоб оғоз ёфт. Чорабиниро хонандагони синфи 7-и мактаб аз қироати намунаҳо аз китоби «Пандҳои падарам»-и Б.Убайдуллоҳ, инчунин намоишҳои саҳнавӣ ва шеърҳо бо кайфияти болида гузарониданд. Донишомӯзони синфи 3 низ ба онҳо ҳамроҳи намуда, бо анҷом додани рақси зебо ба давра завқ бахшиданд.

— Камина Баҳодур Убайдуллоҳро зиёда аз 15 сол аст, ки мешиносам, — гуфт раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи журналистон Акрам Ҳайдаров. — Боварӣ дорам, ки китоби мазкур дастурамали ҳар як хонанда мегардад. Барои он, ки ҳар як ибораи ин китобҳо аз ҳаёт гирифта шуда, сипас бо як маҳорати баланд рӯи чопро дидааст.

Инчунин, А.Ҳайдаров ба хонандагон тавсия кард, ки дафтари ёддоштҳояшонро ташкил намуда, рӯйдодҳои муҳимми зиндагияшонро қайд намоянд.

— Ҳар гаҳ, ки ман ба ин мактаб меоям, симои муаллим Убайдуллоҳ Раҳмонов пеши назарам меояд, — гуфт раиси шӯъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд, шоир ва ношир Асадулло Шукуров. — Аз самимияту хушмуомилагии муаллим инсон лаззат мебурд. Ана ҳамон суханҳои сеҳрноку пандомези он  кас имрӯз дар варақҳои китоби Баҳодур Убайдуллоҳ рӯи чоп омада, аллакай хонандаҳои худро дорад. Умедворем, шахсе, ки ба дохили ин китоб ворид мешавад, аз пандҳои зиндагӣ бебаҳра намемонад.

Дар хотимаи чорабинӣ шоир Баҳодури Убайдулоҳ ба меҳмонон ва маъмурияти мактаб изҳори миннатдорӣ намуд. Ба донишомӯзон ва муаллимони фаол китобҳо тӯҳфа гардид.

Н.Бобоаҳмадов