Аз моҳи феврали соли равон сохтмони роҳи оҳане, ки шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Ургути вилоятро мепайвандад, оғоз гардида буд.
Шабакаи нав, ки 55 километр тӯл мекашад, аз рӯи сарнақшае, ки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоштемирйӯллойиҳа» бо назардошти қарорҳои муосири муҳандисӣ таҳия кардааст, сохта мешавад.
Хатти нави роҳи оҳан, ки аз шаҳри Самарқанд оғоз меёбад, роҳи автомобилии 4R-238-и назди заводи «MAN»-и ноҳияи Ҷомбой убур карда, аз соҳили дарёи Зарафшон мегузарад ва ба воситаи пуле, ки аз болои ин дарё сохта мешавад, ба ноҳияи Ургут мерасад.
Корҳои сохтмонӣ дар хатти нави роҳи оҳан имрӯз оғоз шуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев, ки дар маросими гузоштани бунёди роҳи оҳан ширкат дошт, қайд кард, ки шабакаи нави роҳи оҳан маҳалҳои дурро ба ҳам наздик намуда, имкониятҳои сайёҳӣ, тиҷорат ва содироти маҳсулоти истеҳсолиро боз ҳам афзун менамояд.
Барои кашидани 55 километр роҳи оҳан дар 25 километр корҳои сохтмону монтаж анҷом дода шуд. Сохтмони ду истгоҳи роҳи оҳан низ оғоз шудааст, ки якумаш дар шаҳри Ургут ва дуюмаш дар минтақаи Ҷартеппаи Ургут, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммарз аст, хоҳад буд.
