Онҳо шифо намебахшанд, балки умед мебахшанд… Онҳо табиб нестанд, вале дасти шифо доранд. Онҳо сарбози саҳнаҳои ҷанг нестанд, аммо дар хати пеши ҷанги зиндагӣ қарор доранд… Онҳо — ҳамшираҳои шафқатанд. Ҳар сол дар саросари мамлакатамон 12-уми май рӯзи ҳамшираҳо гузаронида мешавад.
Ҳангоме ки шаб парда меандозад, дар гӯшае аз бемористон чароғе фурӯзон аст, ки зери он чашмони бедор, дили пур аз меҳру ҳисси масъулият шабро саҳар мекунад. Ҳамшира — ин рамзи муҳаббати инсонӣ ва садоқат ба касб аст. Онҳо ҳамеша меоянд: бо табассуме гарм, бо овози ором, бо нигоҳи пур аз тасаллӣ…
Вақте, ки касе дард мекашад, онҳо аввалинанд, ки ба сараш мераванд. Вақте кӯдак гиря мекунад, аввалин дасте, ки ӯро ором мекунад — дасти ҳамшира аст. Вақте модар бемор мешавад, аввалин нигоҳи таскинбахш — нигоҳи ҳамшира аст.
Ҳар як шаби бедории онҳо — як достони фидокорист. Ҳар қатра ашки пинҳонӣ, ки рехтаанд, барои шодии беморе будааст. Ва ҳар сипоси бемор — мукофоте аст, ки бо ҳеҷ молу сарват баробар намешавад.
Имрӯз на танҳо рӯзи як касб, балки рӯзи эҳтиром ба инсоният аст. Бигзор ҳар қадаматон бо дуо ҳамроҳ бошад ва ҳар лаҳзаатон бо саломатию муҳаббат рӯшан шавад.
Маҳз имрӯз, 12-уми май, олам бо як овоз мегӯяд: Ташаккур, фариштаҳои заминӣ!
Фархунда Равшанзода
