Имрӯзҳо ҳайати вилояти Самарқанд дар пойтахти Индонезия — шаҳри Ҷакарта қарор дорад.
Дар доираи ташриф форуми тиҷоратии Ӯзбекистон-Индонезия гузаронида шуд. Дар он намояндагони зиёда аз 200 ширкати бонуфуз, муассисаҳои давлатӣ ва институтҳои молиявӣ ширкат варзиданд.
Дар форум дар бораи ислоҳоте, ки дар кишварамон татбиқ мешаванд, шароитҳои мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, иқтидори сайёҳию саноатии Самарқанд маълумоти муфассал дода шуд.
Форум ба ширкатҳо имкон дод, ки робитаҳои мустақим барқарор кунанд, созишномаҳои эҳтимолиро баррасӣ кунанд ва лоиҳаҳои мутақобилан судмандро таҳқиқ кунанд. Таъкид гардид, ки ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Индонезия беш аз пештара мустаҳкамтар мегардад.
Дар поёни чорабинӣ миёни намояндагони доираҳои тиҷоратии ду кишвар як қатор созишномаҳо ба имзо расиданд, ки ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба нигаронида шудаанд.
