Сессияи навбатии даҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси шӯро Ш.Негматов сарварӣ кард.
Аввал масъалаи худсарона азхуд намудани қитъаҳои замин ва эътирофи ҳуқуқҳо ба бино ва иншоотҳои дар онҳо бунёдгардида, баррасӣ карда шуданд.
Қонун «Дар бораи эътирофи бино ва иншоотҳое, ки дар қитъаҳои замини худсарона азхуд намуда сохта шудаанд» бо ташаббуси роҳбари давлатамон қабул гардид ва аз 8‑уми ноябри соли 2024 роҳандозӣ карда шуд.
Дар натиҷаи барӯйхатгирии аввалини идораҳои кадастри вилоят муайян шуд, ки дар Самарқанд ҳуқуқи беш аз 400 ҳазор шаҳрвандон ба заминҳои худсарона азхуд карда ва бинову иншоотҳои дар онҳо сохташуда эътироф карда нашудаанд.
Бар асоси моддаи 13‑уми Қонун зина ба зина аз рӯйхат гузарондани қитъаҳои замини худсарона азхуд намуда ва бинову иншоотҳои дар онҳо сохтаро мувофиқи нақшаи ҳарсола амалӣ мекунанд. Ҷадвали нақшаҳоро бо пешниҳоди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд Агентии кадастр тасдиқ ва дар сайти https: /etirof.kadastr.uz/ эълон намудааст.
Чуноне ки сардори садорати адлияи вилоят С.Сатторов қайд намуд, мувофиқи ҷадвали нақшаҳои мазкур дар вилоятамон дар соли 2024 аз рӯйхат гузарондани 47‑то ва чоряки якуми соли равон 75‑то маҳалла муайян гардида бошад ҳам, дар ҳолати 1‑уми апрел ин кор ҳамагӣ дар 47 маҳалла амалӣ карда шудааст.
Аз ҷумла, дар шаҳри Самарқанд то ҳол аз рӯйхат гузарондани 39 маҳалларо ба нақша гирифта бошанд ҳам, танҳо дар 2‑тои онҳо ин ҷараён амалӣ шудааст.
Дар сессия зарурияти аз рӯи ҷадвали нақшаҳо дар ҳар як маҳалла саривақт иҷро кардани корҳои барӯйхатгирӣ таъкид карда шуд.
Шӯрои намояндагони халқи вилоят пешниҳоди бар асоси хулосаи ташкилотҳои ваколатдор роҷеъ ба эътирофи ҳуқуқи 30 нафар шаҳрванд ба қитъаҳои замини худсарона азхуд карда ва бинову иншоотҳои дар онҳо сохта шудаи Садорати адлияи вилоятро пазируфт ва дар ин бора қарор қабул намуд.
Сипас, дар сессия ҳисоботи директори филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд» А.Муҳаммадиевро роҷеъ ба корҳо оиди беҳдошти фаъолияти сохтори таъминоти газ дар доираи барномаи рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии вилоят, ки дар соли 2024 амалӣ карда шудаанд, инчунин нақшаҳои соли равон шунида шуд.
Намояндагони халқ ба шахси ҳисоботдиҳанда дар бораи муаммоҳои таъминот бо гази табиӣ ва моеъ саволҳо дода, пешниҳод ва тавсияҳои худро баён намуданд.
Ҷонишини сардори садорати корҳои дохилии вилоят — сардори хизмати бехавфии ҷамоатӣ Х.Умаров дар бораи корҳо роҷеъ ба бехавфии ҷамоатӣ, инчунин корҳои амалишуда дар ҳамкорӣ бо субъектҳое, ки бехавфии ҷамоатиро таъмин ва дар он иштирок мекунанд, ҳисобот дод.
Қайд гардид, ки сарфи назар аз чораҳои профилактикӣ, ки амалӣ шудаанд, дар даври ҳисоботӣ дар вилоят шумораи ҷиноятҳои умумӣ аз 848‑то ба 2169‑то расидааст. 885‑тои ин ҷиноятҳо (41 дарсад)-ро бо истифода аз технологияҳои ахбор содир кардаанд, яъне шаҳрвандон ба воситаи занги телефон ё ки интернет ба доми фиребгарон афтодаанд.
Ба 1261 нафар зан, ки дучори тазйиқ ва зӯроварӣ шудаанд, ордери ҳимоя дода, (соли гузашта ба 470 нафар зан) шахсони зӯроварӣ содир карда зери назорати сахт гирифта шуданд. 6 нафари духтарони ба зӯроварӣ дучор шуда ҳоло ба воя нарасидаанд ва 330 нафарашонро ҷавонзанҳо ташкил мекунанд.
Дар чоряки якуми соли равон аз 1126‑то маҳаллаи вилоят дар 815‑тои он ҷиноят содир карда нашудааст. Аз 311‑то маҳаллаи ҷиноят рӯй дода, 63‑тои онҳо ба тоифаи «сурх», 248‑то ба тоифаи «зард» дохил гардидаанд.
Дар натиҷаи чорабиниҳои ба пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқшиканӣ дар байни занҳо нигаронида ин хел ҷиноятҳо аз 50‑то ба 44‑то кам шуданд.
Бар асоси рӯзномаи сессия мувофиқи Фармони роҳбари давлатамон аз 20‑уми декабри соли 2024 «Дар бораи чораҳои дар минтақаҳо роҳандозӣ кардани сохтори нави таъмини рушди баланди иқтисодӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин дар ин самт зиёд намудани нақш ва масъулияти ҳокимиятҳои маҳаллӣ» ва қарори дахлдори Девони Вазирон барои молиягузории 28‑то лоиҳа, ки дар доираи барномаи рушди босуръати маҷмӯии ноҳияи Булунғур амалӣ карда мешаванд, роҷеъ ба ҷудо кардани 70 миллиард сӯм маблағ қарор қабул гардид.
Инчунин, дар сессия масъалаҳое аз қабили дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят, вогузоштан (қисм-қисм пардохтан)-и муддати додани андози молу мулк, замин ва истифода аз захираҳои об ва ғайра баррасӣ ва қарорҳои дахлдори Шӯро қабул карда шуданд.
