Ovozi.uz

Дар фасли гармо талабот ба об зиёд мешавад…

Дар фасли гармои сол талабот ба оби ошомиданӣ зиёд мешавад. Зеро баъзеҳо аз набудани оби ҷӯйбор заминҳои рӯйиҳавлигии худро бо оби водопровод обёрӣ мекунанд. Дар ин хел вақт оби бисёр лозим аст ва хоҳ-нохоҳ як қисми он барҳадар меравад. Инро ходимони шӯъбаи ноҳиявии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд (ҶММ)-и «Самарқанд сув таъминоти» («Таъминоти оби Сарақанд»)-и ноҳияи Самарқанд ба назар гирифта, бештар ҳисобкунакҳо мегузоранд. Аллакай дар тамоми ташкилоту корхонаҳо ин гуна ҳисобкунакҳо насб карда шуданд. Акнун навбати хонаводаҳо мебошад ва ин кор рӯз аз рӯз суръат мегирад. Ҳар сол қариб 1000 хонаводаи ноҳия соҳиби чунин ҳисобкунакҳо мешаванд.
Дар ноҳияи Самарқанд бештар аз 272 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. 252,1 ҳазор нафари онҳо бо оби марказонидашудаи нӯшиданӣ таъмин гардидаанд. Сатҳи таъминоти об 92,6 дарсадро ташкил медиҳад. Мардуми боқимонда аз манбаъҳои дигари об истифода мебаранд.
— Дар айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 210 иншооти обтаъминкунӣ, 215 чоҳи артезианӣ ва 305,2 километр шабакаи оби нӯшиданӣ мавҷуд аст, — гуфт сарвари шӯъбаи ноҳиявии ҶММ «Таъминоти оби Сарақанд» Азиз Файзиқулов. — Аз ин ҳисоб 120 иншооти обрасонӣ дар ҳисоби филиали мо мебошад ва ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Боқимонда 90 иншооти обӣ дар ихтиёри маҳаллаҳо буда, аз тарафи аҳолии ҷамоат ҳисоб карда мешавад ва тибқи шартнома бо корхонаи таъминоти нерӯи барқи ноҳия пардохтҳоро ба амал мебароранд. Яъне, аз 74 маҳалла 67 тоаш бо оби мутамарказонида таъмин шудаанд ва 7 маҳаллаи боқимонда қисман таъмин мебошанд. Дар маҳаллаҳои дурдасту наздикӯҳӣ аз манбаъҳои дигари об истифода мебаранд. Бо мақсади таъмини бомароми аҳолии ноҳия бо оби ошомиданӣ дар соли 2024 як қатор чораҳо амалӣ гардонида мешаванд. Бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия ва корхонаи мо дар соли 2024 ба масофаи 1,3 километр лӯлаи полиэтилении диаметраш 50 миллиметра кашида, се насоси нави обкашӣ насб карда шуданд. Аз ҷумла, 400 метр дар ҳудуди маҳаллаи Чаман, 100 метр дар маҳаллаи Ипакчӣ, 200 метр дар ҳудуди маҳаллаи Қӯлба, 300 метр дар ҳудуди деҳаи Талибарзуи поён, 100-метрӣ дар маҳаллаҳои Талибарзуи болою Хишрав ва Қайнамаи болову Нав­боғ, ки кӯҳнаву корношоям шуда буданд, бо лӯлаҳои нави полиэтилении 50 миллиметра иваз карда шуданд. Дар ин маҳаллаҳо, ки 1120 хоҷагӣ мавҷуд аст, вазъи оби ошомидании 6451 нафар сокинон беҳтар гардид.
Гулобод маркази ноҳия аст. Дар ин ҷо қариб 5000 нафар одамон истиқомат мекунанд. Аҳолӣ, ки бисёр аст, талабот ба оби ошомиданӣ ҳам меафзояд. Бо мақсади таъмини беҳтари мардум бо оби ошомиданӣ имсол дар ин ҷо ба кор даровардани ду чоҳи артезиании навро ба нақша гирифта буданд. Аллакай як чоҳи он ба кор даромад.
Корҳои иваз кардани лӯлаҳои филизии кӯҳна бо лӯлаҳои нави полиэтиленӣ, таъмири насосҳои обкашӣ ва таҷҳизотҳои дигар идома доранд.
Дар давоми сол 44 иншооти оби маҳаллаҳои ноҳия таъмир ва навсозӣ карда мешаванд. Кормандони ҶММ «Таъминоти оби Самарқанд»-и ноҳия бо чунин корҳои худ таъминоти оби 1,2 ҳазор сокини ноҳияро беҳтар карда, бори аввал 200 нафар сокинон бо оби нӯшиданӣ таъмин карда мешаванд ва дараҷаи таъминоти оби нӯшиданӣ аз 92,6 фоиз ба 93,5 дарсад боло меравад.

Б.ҶУМЪАЕВ