Дар вилояти Самарқанд мавсими ғалладаравӣ оғоз ёфт. Мавсими дарави имсола аз ноҳияи Нуробод, ки дар 1800 гектар замини корами обӣ ғалла киштааст, оғоз гардид.
Имсол аз ҷониби 4 ҳазору 84 хоҷагиҳои фермерии вилоят, дар 83 ҳазору 913 гектар замин ғалла парвариш карда шуд. Ҳоло дар ин заминҳо, ки зиёда аз 30 навъи ғалла, аз ҷумла навъҳои «Алексеич», «Антонина», «Андиҷон‑2», «Аср», «Самарқанд» ва ғайраҳо парвариш ёфтаанд, ҳосил расида ва омодаи дарав мебошад.
Имсол аз ҳисоби он, ки заминҳои ғаллакории ду ноҳияи вилоят ба сабзавоткорӣ гузаронида шудаанд, заминҳои ғалла нисбат ба соли гузашта камтар мебошанд. Вале, мувофиқи маълумоти мутахассисони соҳа, дараҷаи ҳосилнокӣ имсол нисбат ба соли гузашта 4 дарсад зиёд хоҳад шуд.
Соли гузашта ба ҳисоби миёна аз як гектар 76,8 сентнер ҳосил гирифта бошем, имсол дар назар аст, ки аз як гектар наздик ба 100 сентнер ҳосил ба даст оварда шавад.
— Барои оғоз ва дар муддати кӯтоҳ беталафот ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалла ҷадвал тасдиқ шудааст, — гуфт сармутахассиси шуъбаи парвариши маҳсулоти кишоварзии Садорати хоҷагии қишлоқи вилоят Исобек Абдусаломов. — Дар вилоят барои ташкил намудани корҳои ғалладаравӣ 259 отряди иборат аз намояндагони корҳои дохилӣ, ёрии тиббии таъҷилӣ, сӯхторнишонӣ ва ғайра, ки 11‑нафаранд, ташкил гардиданд. Ба онҳо 259 комбайни баландсифат вобаста карда шуда, ҳолати техникии онҳоро санҷида, ба мавсим омода намудаанд. Ғайр аз ин, 1100 дона техникаи боркаш, 161 дона сӯзишворикаш ва 73 устохонаи сайёр дар корҳои ғунучини ғалла иштирок хоҳанд кард. Дар ҷойҳои қабули ҳосил низ барои ҳисоби шаффоф ва пешгирии ҳар гуна ҳолатҳои тамаъҷӯӣ тарозуҳои электронӣ ва камераҳо насб гардидаанд.
Дар 23 рӯз ба анҷом расонидани мавсими ғалладарави вилоят ба нақша гирифта шудааст.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
