Ovozi.uz

Баррасии масъалаҳои замину экология ва ҳуқуқҳои кӯдак

Сессияи шӯрои вилоят

Рӯзи 16‑уми июни соли равон сессияи сию якуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро Ш.Негматов сарварӣ кард. Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ намуданд.

— Соли равон мувофиқи нақшае, ки Агентии кадастр тасдиқ намудааст, дар 231 маҳалла амалӣ кардани барӯйхатгирӣ муайян гардида буд, — гуфт сардори садорати вилоятии Палатаи давлатии кадастрҳои Агентии кадастр Р.Ҳотамов, ки мувофиқи рӯзномаи сессия дар бораи корҳо роҷеъ ба иҷрои Қонун «Дар бораи эътироф намудани ҳуқуқ ба қитъаҳои замин ва бинову иншоотҳое, ки дар онҳо бунёд гардидаанд», ҳисобот медод. — Дар нимсолаи аввал ба ҷои 84 маҳаллаи ба нақша гирифта, дар 97 маҳалла корҳои барӯйхатгирӣ амалӣ гардиданд. Аз онҳо дар 78 маҳалла корҳо пурра ба анҷом расиданд ва дар боқимондаи онҳо идома дорад.

Аз рӯзи амалӣ гардидани Қонун дар 564 маҳаллае, ки барӯйхатгирӣ муайян шуда буд, 142 ҳазору 473 объекти мулки ғайриманқулро ба рӯйхат гирифтанд. 100 ҳазору 931‑тои онҳо дар сохтори ахбори UzKAD ба зинаи фаъол гузаронда шуданд ва дар ҳолати 12‑уми июни соли 2026 дар сохтори ахбори «Eʼtirof» роҷеъ ба 69 ҳазору 212 объект маълумотҳо дохил гардидаанд.

45 ҳазору 723 объекти мазкур дар зинаи баррасӣ, 1 ҳазору 605‑то дар ҷараёни эълон ва 3 ҳазору 275 то дар идораҳои адлия баррасӣ мешаванд. Дар айни ҳол, 1 ҳазору 906 объект бо сабабҳои гуногун рад карда шудаанд.

Намояндагони халқ маълум намуданд, ки дар баъзе ҳолатҳо ба талаботи Қонун ба таври кифоя сарфаҳм нарафтани аҳолӣ ва аъзои гурӯҳи корӣ, хусусан дар муайян намудани даври азхуд кардани қитъаи замин ва масъалаҳои бо тасдиқи он вобаста, ҳолатҳои саривақт аз рӯйхати давлатӣ нагузарондани объектҳое, ки ҳуқуқи онҳо эътироф шудаанд, сабаби бисёр шудани муроҷиатҳои шаҳрвандон мегарданд ва ба инҳо эзоҳ пурсиданд.

Шӯрои намояндагони халқи вилоят дар доираи иҷро ба 11 ҳазору 110 объект ҳуқуқи соҳибиро эътироф карда бошад ҳам, ҳамагӣ роҷеъ ба 3 ҳазору 376‑тои онҳо барои аз рӯйхати давлатии мулки ғайриманқул гузаштан муроҷиат намудаанд. Ин нишон медиҳад, ки ба корҳо оиди аз рӯйхати давлатӣ гузарондани объектҳои ҳуқуқашон эътирофгардида, бояд суръат бахшид, инчунин ба аҳолӣ фаҳмондани мазмуну моҳияти Қонун ва пурзӯр намудани чорабиниҳои тарғиботи ҳуқуқӣ зарур аст.

Сипас, дар сессия сардори садорати экология ва тағйири иқлими вилоят А.Қурбонов роҷеъ ба корҳое, ки барои беҳдошти вазъияти экологӣ, пешгирии таъсири зарарноки партовҳо ба саломатии одамон, истифодаи оқилона аз захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сифати ҳолати санитарӣ ва экологӣ амалӣ карда мешаванд, ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки дар моҳҳои январ-­апрели соли равон дар натиҷаи чорабиниҳои экологӣ, 1572 ҳолати қонуншиканӣ муайян гардиданд ва нисбати ҳуқуқшиканҳо беш 4 миллиарду 76 миллион сӯм ҷаримаҳои маъмурӣ андохта шуданд. Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар мавсими баҳор, 7 миллиону 188 ҳазор бех ниҳол шинонда, корхонаҳои саноатӣ дар беш аз 170 гектар майдон «камарбанди сабз» барпо намуданд. Корхонаҳои коркарди партов 39,4 ҳазор тонна партовро аз нав коркард намуда, дараҷаи ҷамъоварии партовҳои маишии аҳолӣ ва хизмати баровардани онҳоро ба 65 дарсад расонданд.

Пас аз ин, вакили минтақавии Олий Маҷлис роҷеъ ба ҳуқуқҳои бачаҳо (омбудсмани бачаҳо) дар вилоят Х.Раҳмонов дар бораи корҳое, ки дар соли 2025 оиди ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак амалӣ гардидаанд, ахбор дод.

Маълум шуд, ки соли гузашта ба вакили минтақавии Омбудсмани кӯдак дар вилоят аз шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ 133 муроҷиат расидааст ва 16‑тои онҳо ба таври мусбӣ ҳал гардида, ба 11‑тояш аз ҷиҳати ҳуқуқӣ маслиҳат додаанд. Дар идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳо аз рӯи таъмини ҳуқуқҳои бача 13 маротиба мониторинг гузаронда шудааст.

Сарфи назар аз инҳо, дар вилоят барои таъмини ҳуқуқи кӯдакон ва манфиатҳои қонунии онҳо ҳамон муаммоҳо ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дар соли 2025 бачаҳои ба воя нарасида 135 ҷиноят содир кардаанд ва нишондиҳандаи мазкур нисбати соли гузашта ба 42‑то афзудааст. 83‑тои ҷиноятҳои содирнамуда ба ҳисоби донишомӯзони мактаб рост меояд ва 61,4 дарсади ҷиноят­ҳоеро, ки бачаҳои ба воя нарасида кардаанд, ташкил мекунад.

Дар даври ҳисоботӣ нисбати 46 нафар бача зӯроварӣ — 20‑то рӯҳӣ, 16‑то ҷисмонӣ, 7‑то зӯроварии ҷинсӣ қайд гардидаанд. Ғайр аз ин, дар марказҳои ёрии иҷтимоӣ-­ҳуқуқӣ ба бачаҳои ба воя нарасидаи назди идораҳои корҳои дохилӣ, 1164 нафар бачаи бе назорат ва парастор гузоштаро ҷойгир кардаанд.

Намояндагони халқ аз рӯи ахбор фикрҳои худро баён намуда, роҷеъ ба пешгирии ҳолатҳои мазкур зарурати баланд бардоштани самаранокии корҳои манзилнокро таъкид намуданд. Дар сессия, инчунин масъалаҳое аз қабили «Дар бораи муайян намудани сарҳадҳои маҳаллаҳо дар ноҳияи Пастдарғам, Ургут, Қӯшработ ва Пахтачӣ, ки муттаҳид ва мутобиқ карда мешаванд», «Дар бораи истифода аз маблағҳои озоди боқимондаи буҷети маҳаллии вилоят дар ҳолати 1‑уми январи соли 2026, «Дар бораи дохил намудани тағйирот ба рӯйхати манзилноки объектҳои инфрасохтор, ки барои дар вилояти Самарқанд амалӣ кардани лоиҳаҳои драйвер зарур мебошанд», «Дар бораи пазируфтани консепсияи лоиҳаи харидани 8 электропоезди зудгард аз тарафи Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва ғайраро баррасӣ ва роҷеъ ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.