Ташаббуси нек
Таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон 35 ниҳол мешинонад, ки ҳар яке «Ниҳоли Истиқлол» номгузорӣ хоҳад шуд. Ин иқдом ба барномаи давлатии «Макони сабз», ки аз ҷониби Сарвари давлатамон пеш бурда мешавад, мусоидат хоҳад кард.
Имрӯз дар ҷаҳон бештар дар бораи ҳифзи табиат, тағйирёбии иқлим, кам шудани ҷангалу буттазорҳо, ифлосшавии ҳаво ва зарурати муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист сухан мегӯянд. Аммо, шояд вақти он расидааст, ки аз гуфтан ба корҳои неку судманд гузарем.
Хусусан барномаи давлатии «Макони сабз» ташаббуси нек ва арзандае аст, ки барои сабзу хуррам сохтани сарзаминамон ва барои наслҳои оянда фароҳам овардани муҳити солим равона гардидааст.
Ба назари ман, дар ҷомеа ба ин ташаббус бояд маънои боз ҳам амиқтар ва самимитари инсонӣ бахшида шавад. Чаро шинонидани дарахту буттаҳоро ба қисми ҷудонашавандаи ҷашнҳои хонаводагӣ ва ҷамъиятии худ табдил надиҳем? Ҳамон гуна, ки имрӯз фотосессия, сайру гашт дар ҷойҳои зебо, наворбардорӣ, аксҳои хотиравӣ ва чорабиниҳои идона ба як одати маъмулии зиндагӣ табдил ёфтаанд, чаро баробари онҳо як анъанаи зебои ниҳолшинониро ба роҳ намонем?
Тасаввур кунед: арӯсу домод, ҳамроҳи падару модар ва дӯстонашон дарахте мешинонанд — ҳамчун рамзи муҳаббат, вафо, идомаи насл ва зиндагии хушбахтонаи оилавӣ. Ва дар назди он дарахт лавҳаи хурди хотиравие гузошта мешавад, ки дар он сана ва номи соҳибони ҷашн сабт гардидааст.
Солҳо мегузаранд… Дарахт ҳамроҳи оила бузург мешавад. Дар сояи он кӯдакон бозӣ мекунанд, баъдтар набераҳо меоянд. Ва худи ҷашн на танҳо дар албому телефонҳо, балки дар оғӯши табиат зиндагии худро идома медиҳад.
Оё як ниҳоле, ки дар оғӯши табиат реша давонда, солҳо ба инсон соя, зебоӣ ва ҳаёт мебахшад, аз як даста гуле, ки баъди чанд рӯз пажмурда мешавад, пурмаънотар нест?
Ҳамчунин, хатмкунандагони мактабу донишгоҳҳо метавонанд ҳангоми вохӯриҳои солгарди худ «Боғҳои дӯстӣ ва ҷавонӣ»; оилаҳое, ки солгарди нуқрагин, тиллоӣ ва алмосии зиндагии муштаракро ҷашн мегиранд — «Боғҳои вафо ва хирадмандии оилавӣ», соҳибҷашнҳои 50, 60, 70 ва 80‑сола — «Боғҳои зиндагии арзанда ва ибрати нек», ба муносибати таваллуди кӯдак — «Ниҳоли умед ва насли нав» ва ба хотираи омӯзгорон, табибон, шоирон, ҳунармандон, устодон ва инсонҳои гиромӣ — «Боғҳои қадрдонӣ ва хотираи нек»-ро бунёд намоянд.
Дар омади гап, чунин анъанаҳои зебо дар гузашта низ миёни мардум вуҷуд доштаанд. Масалан, вақте дар оила писар таваллуд мешуд, бо нияти нек дарахтони сафедор ё шамшод мешинониданд. Солҳо мегузаштанд… Фарзанд ҳамроҳи дарахтон бузург мешуд. Вақте ки зарурияти бунёди хона ва зиндагии мустақил фаро мерасид, аз чӯби ҳамон дарахтон барои сохтмони хона истифода мебурданд.
Боз мардум ҳамон замонҳо ҳам ба табиат бо эҳтиёт муносибат мекарданд. Ба ҷойи ҳар дарахти буридашуда, ҳамеша ҳамчун рамзи идомаи зиндагӣ ниҳоли наве мешинонданд. Шояд маҳз дар ҳамин гуна одатҳои сода, хирадмандона ва инсонӣ фарҳанги ҳақиқии муносибати инсон ба табиат нуҳуфта бошад.
Мумкин аст бо гузашти солҳо чунин ташаббус бо дастгирии ҳокимиятҳои маҳаллӣ, маҳаллаҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ тадриҷан ба қисми фарҳанги расмии баргузории чорабиниҳо табдил ёбад. Ва албатта, ин кор бояд пешакӣ хуб андешида ва дуруст ташкил карда шавад. Барои ин, дар ҳар шаҳр, ноҳия, деҳа ва маҳалла қаблан бояд ҷойҳои махсуси дарахтшинониро муайян кунанд: гулгаштҳо, боғчаҳои хурд, минтақаҳои сабз, қитъаҳои назди мактабҳо, қасрҳои фарҳанг, маҳаллаҳои навбунёд, роҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ.
Муҳимтар аз ҳама, мардум бояд тавассути телевизион, радио, рӯзномаҳо, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва эълонҳои маҳаллӣ аз чунин ҷойҳо ва тартиби иштирок огоҳ карда шаванд. То ҳар шахс пешакӣ донад: дар куҷо метавонад дарахт шинонад, кадом навъи ниҳолҳо тавсия мешаванд ва чунин чорабинӣ чӣ тавр баргузор мегардад. Он гоҳ ин ташаббус ба маъракаи якрӯза не, балки ба қисми фарҳанги ҷомеа ва анъанаи мардумӣ табдил хоҳад ёфт. Зеро дарахт — танҳо як гиёҳ нест. Рамзи зиндаи сипос ба замин ва оянда аст. Ва агар баъди ҳар як воқеаи неке дар сарзамини мо ҳадди ақал як дарахт, як бутта, як гулгашт ё як боғи хурд боқӣ монад, баъди солҳо на танҳо симои шаҳру маҳаллаҳои мо дигар мешаванд, балки муносибати инсон ба табиат, ба зиндагӣ ва ҳатто ба худи маънои ҷашн низ дигар хоҳад шуд.
Муқимҷон ОРИФӢ
