Дар маҷлиси чилунӯҳуми Сенат «Дар бораи қабули таҳрири нави Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба такмили фаъолияти Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон нигарноидашуда, илова ва дохил карддани дигаргуниҳо» аз ҷониби сенаторон муҳокима гардида, маъқул дониста шуд. Аз рӯи қонун дар Ӯзбекистон шумораи аъзоёни сенат аз 100 ба 65 то кам карда мешавад. Гуфта мешавад, ки дар он, дар ҳар минтақа 4 нафар сенатор интихоб гардида, 9 нафари дигар аз тарафи Президент таъин мегардад. Инчунин, шумораи спикери палатаи Қонунмандӣ ва ҷонишинҳо аз 7 ба 2 то кам карда мешавад.Дар назар аст, ки интихоботи нави палатаи Қонунмандӣ дар давоми ду моҳ гузаронида шуда, таркиби нави Сенат дар давоми як моҳ шакл дода мешавад. Ғайр аз ин, на кам аз 100 ҳазор нафар шаҳрванд, Сенат, омбудсман ва комиссияи интихоботии Марказӣ таклифҳоро ба палатаи Қонунгузорӣ дохил карда ва назорати парламент аз тарафи комиссияи махсус дар асоси баробари бо аъзоҳои Сенат ва депутатҳои палатаи Қонунгузор дар тназар дошта шудааст.
Дар Ӯзбекистон шумораи аъзоёни сенат кам карда мешавад
