Ovozi.uz

Оқибатҳои манфии никоҳи бармаҳал

Синни никоҳ барои духтарон 20–22, барои писарон 24–25 тавсия дода шудааст. Дар ин давр шахс ба сифати инсони комил ривоҷ ёфта, аз ҷиҳати физиологӣ мукаммал мегардад. Омилҳои пеш аз никоҳ омодагӣ барои ҳаёти оилавӣ, сабабҳои оиладории онҳо, муддати шиносоии якдигар то оиладоршавӣ, тасаввуроти онҳо дар бораи ҳаёти оянда мебошанд. Ҷавононе, ки оила барпо мекунанд, аз ҷиҳати ҷисмонӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, маънавию ахлоқӣ, психологӣ бояд омода бошанд. Аз рӯи тавсияи равоншиносон, оиладории барвақт (синни 16–17) ва дер (28–30) мувофиқи мақсад нест. Барвақт оиладор шудан ба писар ба сифати сардори оила дар ташаккули ӯ таъсири манфӣ расонида метавонад.

Никоҳи бармаҳал ба чӣ оварда мерасонад? Тайёр набудани ҷавонон барои хонадоршавӣ аз ҷиҳати психоэмотсионалӣ, асабишавии арӯсу домоди ҷавон аз ҳисоби нофаҳмии якдигар тез-тез ба назар мерасад. Ҳомиладорӣ ба духтароне, ки барвақт (синни 16–17-солагӣ) хонадор мешаванд, аз ҳисоби хурд будани устухони косашон хавфнок аст.

Духтарони ноболиғ аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам ҷинсӣ ба якчанд нуқсонҳои салбӣ гирифтор мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки бисёр бемориҳое, ки дар онҳо пайдо мешаванд, дар организми аз ҷиҳати физиологӣ камқувват ба амал меоянд.

Ҳаҷми хуни ҷавондухтарон 5 литр бошад, ҳангоми ҳомиладорӣ миқдори он ба 50% меафзояд. Ин дар навбати худ ба дил, гурда ва дигар аъзоҳо зӯр меоварад. Дар натиҷа асоратҳои вазнин ривоҷ меёбад.

Бар асари ривоҷ ёфтани камхунӣ, худ аз худ афтидани ҳомила, авҷ гирифтани бемориҳои давомдор, синдроми гипертензивӣ (варам, баланд шудани фишори хун), таваллуди пеш аз мӯҳлат, хунравӣ ҳангоми таваллуд ва ҳомиладорӣ, сепсис, экламсия ва ҳолатҳои дигар ҳомиладорро ба ногироӣ, ҳатто ба нобудшавӣ оварда мерасонад.

Никоҳ ба худ маҷбурияти хосеро дорад. Дар ин масъала ҳар якеамон ба ҷавонон кӯмакрасон бояд бошем.

Дар ин бора дар мамлакатамон қарори иловагии Вазорати ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон, Вазорати дастгирии маҳалла ва оила аз 24‑уми июли соли 2024 «Дар бораи пешгирии ҳолатҳои таваллуди пеш аз мӯҳлат дар байни духтарони ноболиғ, таҳкими ҳамкориҳои мунтазам дар соҳаи ҳифзи саломатии репродуктивии занони синни таваллуд дар Ӯзбекистон» қабул карда шудааст.

Д.СОБИРОВА,
шифокори тоифаи олӣ,
акушер-гинекологи маҷмӯаи таваллудхонаи рақами 3‑и шаҳри Самарқанд