Оё шумо то имрӯз фикр кардаед, ки танҳо як хӯроки саҳарӣ метавонад тамоми рӯзи шуморо дигар кунад?
Барои бисёриҳо, хӯроки наҳорӣ як қисми камаҳамият аст — одатан бо як пиёла чой, қаҳва ё ҳатто бе ягон ғизо оғоз мешавад. Аммо, таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ин одат метавонад ба саломатӣ ва фаъолияти инсон таъсири калон расонад. Ношто на танҳо манбаи аввалини нерӯ барои бадан аст, балки ба кори майнаи сар, диққат ва кайфияти инсон низ таъсири хуб мерасонад.
Мувофиқи тадқиқотҳо шахсоне, ки ҳамеша наҳорӣ мехӯранд, дар кор ва таҳсил фаъолтаранд, сатҳи нерӯи онҳо баландтар аст ва камтар хаста мешаванд. Ғизои саҳарӣ миқдори қандро дар хун мӯътадил нигоҳ медорад ва дар давоми рӯз аз пурхӯрӣ пешгирӣ мекунад.
Агар нонушта нахӯред, боиси зиёд гардидани мушкилоти саломатӣ мегардад. Нахӯрдани субҳона боиси суст шудани фикр, зуд хаста шудан ва ҳатто зиёд шудани вазн мегардад.
Барои боз ҳам бештар фаҳмидани аҳамияти тиббии хӯроки субҳирӯзӣ, мо бо шифокори поликлиникаи марказии бисёрсоҳаи шаҳри Самарқанд Дилором Маматова сӯҳбат кардем.
Ӯ қайд кард, ки хӯроки саҳарӣ на танҳо як одати хуб, балки омили муҳим барои нигоҳ доштани саломатии инсон аст.
— Хӯроки саҳар барои организми инсон аҳамияти бузург дорад, — гуфт ӯ. — Дар давоми шаб, тамоми аъзои бадан истироҳат мекунад ва фаъолияти онҳо суст мешавад. Аммо саҳар, вақте инсон аз хоб мехезад, организми ӯ ба як ангезиши нав ниёз дорад. Муҳимтар аз ҳама, ғадуди зери меъда дар шаб кислота ҷудо мекунад, ки агар хӯроки саҳар набошад, ин кислота ба деворҳои меъда таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми хӯрдани хӯроки саҳар ин модда ба таври табиӣ ҷаббида мешавад ва бадан ба таври солим фаъолиятро оғоз мекунад.
Шифокор, инчунин таъкид кард, ки танҳо хӯрдани хӯроки саҳар кофӣ нест — интихоби дурусти ғизо низ нақши муҳим дорад.
— Бисёриҳо саҳариро бо маҳсулоти ширин ё хӯрокҳои дорои карбогидратҳои зиёд оғоз мекунанд, ки ин барои саломатӣ чандон муфид нест, — гуфт шифокор. — Истеъмоли шириниҳо ва хӯрокҳои дорои углевод метавонад сатҳи қандро дар хун якбора боло барад ва пас аз муддати кӯтоҳ ҳисси хастагӣ ва гуруснагӣ ба миён меояд.
Ба ҷои он, тавсия дода мешавад, ки барои наҳорӣ хӯрокҳое интихоб шаванд, ки сафедаи зиёд доранд. Масалан тухм, маҳсулоти ширӣ, ба монанди ҷурғот ё панир, инчунин каме сабзавот метавонад нерӯи лозимиро барои рӯз таъмин намоянд.
Ин гуна ғизо на танҳо сатҳи қандро дар хун муътадил нигоҳ медорад, балки барои фаъолияти мағзи сар ва нигоҳ доштани нерӯи ҷисмонӣ дар давоми рӯз кумак мекунад.
Шифокор дар идомаи сӯҳбат ба як нуктаи муҳим ишора кард.
— Ман мехоҳам як масъалаи дигарро таъкид кунам, ки имрӯзҳо дар байни мардум, махсусан ҷавонон, хеле маъмул шудааст — нӯшидани қаҳва бо шиками гурусна. Албатта, қаҳва дар таркиби худ кофеин дорад ва ба инсон ҳисси ҳушёрӣ ва нерӯ мебахшад. Аммо бисёриҳо намедонанд, ки истеъмоли қаҳва дар шиками холӣ ба фаъолияти меъдаву рӯда таъсири манфӣ мерасонад. Вақте ки қаҳва баъд аз хӯрок истеъмол карда мешавад, таъсири манфии он ба меъда коҳиш меёбад ва қаҳва нақши хуби ангезанда барои бадан ва мағзро иҷро мекунад.
Бино ба маълумотҳои мутахассис, беҳтарин вақт барои хӯроки саҳар аз соати 6 то 8 мебошад. Дар ин муддат организми инсон барои қабул ва ҳазми ғизо омода аст. Истеъмоли хӯрок дар ин соатҳо на танҳо қувва мебахшад, балки кори тамоми узвҳои баданро фаъол месозад.
Бо вуҷуди ин, баъзеҳо, махсусан онҳое, ки одати барвақт хестан надоранд, мегӯянд, ки саҳар иштиҳои хуб надоранд ва хӯроки пагоҳирӯзиро баъдтар, масалан соати 10 ё ҳатто дертар мехӯранд.
— Агар ношто аз вақти муқаррарӣ дертар истеъмол шавад, организми инсон бе нерӯ мемонад ва эҳтимоли паст шудани қувваи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ меафзояд, — таъкид мекунад шифокор. — Дар соатҳое, ки баъзеҳо пагоҳирӯзӣ мехӯранд, дар асл бояд хӯроки чошт ё «субҳонаи дуюм» тановул шавад. Ҳар саҳар нӯшидани 200 мл. оби ширгарм барои фаъолияти тамоми бадан хеле муфид аст. Ин амал ба бедоршавии узвҳои дохилӣ кумак мекунад, равандҳои ҳазмро фаъол месозад ва гардиши хунро беҳтар менамояд.
Ба гуфтаи ӯ, нӯшидани оби гарм токсинҳоро аз бадан хориҷ мекунад, кори системаи ҳозимаро ба таври табиӣ ба роҳ мемонад, инчунин ба устухон ва мушакҳо қувва мебахшад.
Ба таври хулоса гӯем, истеъмоли дурусти хӯроки пагоҳирӯзӣ, интихоби вақти дуруст ва маҳсулотҳои фоиданок ба инсон қувват мебахшанд ва тӯли рӯз ӯро серҳаракат медоранд. Пас биёед ба он беэътибор набошем.
Зикрулло АБДУЛЛОЕВ
