Ovozi.uz

Ҳосилу даромад ба тухмиву меҳнат вобаста

Маҳаллаи Шӯрбоичаи ноҳияи Самарқанд таърихи қадима дорад. Ба ташкил ёфтани он беш аз 100 сол шудааст. Ҳудуди маҳалла 43 гектарро ташкил менамояд. Аз соли 2019 вазифаи раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалларо Орзуқул Эшонқулов ба ҷо меорад.

Дар ин маҳалла қариб 4000 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Онҳо асосан ба боғдориву деҳқонӣ машғуланд. Маҳалла ба тоифаи «сабз» дохил аст ва тӯли ду соли охир дар маҳалла ҷинояткорӣ ба қайд гирифта нашудааст.

— Ба реестри иҷтимоии маҳалла 45 оила дохиланд, — гуфт раиси маҳалла О.Эшонқулов. — Барои беҳтар гардондани шароити зиндагии онҳо соли гузашта ба 16 нафар 30‑сотихӣ заминро ба иҷора гирифта додем. Аъзои ин оилаҳо дар заминҳои ба иҷора гирифтаашон зироатҳои хоҷагии қишлоқ парвариш карда, баробари бо кор банд кардани худ барои оилаҳояшон даромади иловагӣ ба даст меоранд.

Ҳоло дар маҳалла 5 гектар майдони заминро ба муддати 30 сол ба ихтиёри иҷоракорон додаанд. Устухони аксари онҳо бо нони деҳқонӣ сахт шудааст. Барои ҳамин, аз заминҳои иҷрорагирифтаи худ самаранок истифода бурда, дар он маҳсулотҳои бозоргир парвариш менамоянд.

Деҳқонон ҳоло дар қитъаҳои замини худ дар зери плёнкаи «камон» аз рӯи сохтори «Як контур — як маҳсулот» кишт гузаронида, соле то се маротиба ҳосил мегиранд.

Мо дар сари замини яке аз онҳо — Отабек Илёсов шуда, бо кору бори имрӯзаи ӯ шинос шудем.

— Мо барои истифодаи самараноки замин дар рӯзҳои сармои зимистон зироатҳои коштаи худро дар зери плёнка парвариш мекунем, — гуфт Отабек Илёсов. — Ман барои ҳосили якум моҳи январ тухмии навъи «Анастасия»-и сабзӣ коштам, ки серҳосил аст. Ба парваришаш нағз эътибор дода, дар вақташ обу ғизо диҳем, аз ҳар як холи замин 500‑килогӣ ҳосил гирифтан мумкин аст. Агар 15 тонна сабзиро ба ҳисоби миёна дар бозор 3000‑сӯмӣ фурӯшем, ин аллакай 45 миллион сӯм мешавад. Баъди он карам, сони лаблабу ва пиёзи сир мекорем. Албатта, навъҳои ба иқлимамон мувофиқу серҳосил. Масалан, аксарияти деҳқонони мо карами навъи «Бухарест», лаблабуи сурхи «Пабло», пиёзи сири «Тӯрақӯрғон», пиёзи «Сибир» мекоранд. Аз ин навъҳо ҳосили хушсифату зиёд ба даст меоранд. Умуман, агар одам аз таҳти дил меҳнат кунад, замин одамро бенасиб намегардонад. Ба ғайр аз хароҷоту меҳнат, соле аз 100 миллион сӯм бештар маблағ ба даст меоранд.

Б.РУСТАМЗОД