Ovozi.uz

«Таҷриба — асоси комёбӣ»

Дар мактаби таълими умумии рақами 62‑и шаҳри Самарқанд тақдимоти китоби омӯзгори пуртаҷрибаи мактаби мазкур Насиба Рофеева таҳти мавзӯи «Таҷриба — асоси комёбӣ» гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати донишомӯзон ва ташвиқи онҳо ба китобхонӣ баргузор гардид, омӯзгорону донишомӯзони мактаб, муаллимони собиқадор, падару модарон ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.

Дар оғози чорабинӣ директори мактаб Нигора Салоҳиддинова аҳамияти дониш ва таҷрибаро дар ҳаёти инсон таъкид кард. Зикр гардид, ки ҳар як донишомӯз бояд аз имкониятҳои васеи имрӯза истифода бурда, барои ояндаи худ заминаи мустаҳкам гузорад.

Омӯзгорони собиқадор Рафоат Абдуллоева, Аъзам Аъламов, Ҷамила Эгамбердиева ва дигарон аз таҷрибаи корӣ ва ҳаётии худ ба насли ҷавон мисолҳо оварда, арзиши китоби Н.Рофееваро баланд арзёбӣ карданд.

— Чопи китоби «Таҷриба — асоси комёбӣ»-ро шунида, бисёр хурсанд шудам, — гуфт собиқ директори мактаб Аъзам Аъламов. — Ин китоб барои омӯзгорони навкор метавонад дастурамал шавад. Дар китоб оиди таърихи мактаб мақолаи хубе навишта шудааст, ки касе ин китобро дастарс кунад, аввал бо таърихи мактаб шинос мешавад. Ин, алабатта, кори хуб аст. Ман бо Насиба Рофеева дар давоми фаъолияти меҳнатӣ якчанд сол кор кардаам. Муаллима пешқадам, пухтакор, соҳибтаҷриба ҳастанд. Дар корҳои минбаъдаашон бурдбориҳоро таманно мекунам.

Сипас, донишомӯзон дар бораи китоби «Таҷриба — асоси комёбӣ» ва маълумот дода, шеърҳо хонданд ва саҳначаҳо гузоштанд.

Асалой САРҲАТЗОДА