Ovozi.uz

Ошёни ихлос, эҳтиром ва самимияти хос

Шукри истиқлолияти мамлакатамон ва сиёсати одилонаву фазои беғубори кишвар, ки имрӯзҳо рӯзномаҳову моҳнома ва ҷаридаҳои зиёде арзи вуҷуд мекунанд. Дар байни ҳамаи ин рӯзномаҳо ному унвони «Овози Самарқанд» ба дил сурур мебахшад.

Вақте рӯзнома таъсис ёфт, ҳанӯз хонандаи синфи 9‑и мактаби миёна будам. Мавсими обуна ҳар инсони мутолиагарро водор месохт, ки рӯзномаи дилхоҳаш адади нашри бисёр дошта бошад. Тарбияи устодони мактабӣ, бахусус муаллимони забон ва адабиёти тоҷик буд, ки дар маъракаи обунаи «Овози Самарқанд» чанде аз хонандагон низ саҳм мегирифтем. Равуо дар идораи рӯзномаи азиз, камоли ҳамнишинӣ бо кормандони аввалини идораи рӯзнома — устодон Нор Остонзода, Хурсанд Ҷумъазода, Муртазо Тоҷизода, Бахтиёри Ҷумъа, Акбар Пирӯзӣ, Раҳим Мавлонӣ, Ширин Амонов, Зиё Носиров, Мирсафо Камолӣ, Тошқул Азимзода, Раҳматулло Шарифзода, Тоҳир Фаттоҳзода, Шавкат Баҳромов, Ӯткур Ортиқов, Гулчеҳра Ҳалимӣ, Шоистахон Аббосова, Гуландом Одилова, Лола Раҳимова, Мастура Султонова, Комилҷон Ҷӯрақулов, Шодмон Шамсиев ва дигарон водор месохт, ки ҳар чӣ зудтар масъалаи обуна ҳал гардад.

Вақте як саҳифаи рӯзномаи ноҳиявии «Шарқ тонги» (ҳоло «Гулобод тонги») тоҷикӣ шуд ва устод Нормурод Каримзода маро назди масъулони саҳифаи тоҷикӣ, журналистони машҳур ва маҳбуби давр, устодон Зоҳир Ҳасанзода ва Раҳим Мавлонӣ раҳнамоӣ намуданд, ҳамон ҳисси арзишманд нисбат ба матбуот бедортар шуд. Акнун хабару мақолаҳои шогирдона дар ду рӯзнома чоп мегашту хурсандии ин ҷониб интиҳо надошт.

Тобистони соли 1993. Пас аз хатми мактаби миёна ба ман шарафи донишҷӯӣ насиб накард ва ҳамин идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» буд, ки маро ба кор даъват намуд. Вақте ин даъват тавассути муаллима Шоистахон Аббосова ба ман расид, он лаҳзаро бо қалам ва сухан тасаввур кардан нашояд. Бе дипломи мактаби олӣ корманди идораи рӯзномаи ҳукумати вилоят гардидан бароям аз мӯъҷиза беш набуд!

Агарчи аввалҳо хатбару мусаҳҳеҳ будам, дар Коллеҷи эҷодкорони ҷавони назди идораи рӯзнома, ки бо сарварии адиби маъруф, устод Адаш Истад амал мекард, дарси рӯзноманигорӣ омӯхтам.

— Ҳамидзода, мо студент нашудем — гуфта, сахт афсӯс нахӯред, толибилми Академияи Адаш Истад ҳастед, мулло! — ҳар лаҳза дилбардорӣ менамуданд аллома Ботурхон Хилъатпури Валихоҷа ба мани ходими адабии шӯъбаи адабиёт ва фарҳанги рӯзнома.

Барҳақ, идораи рӯзнома фарҳангистони илму адабро мемонд. Устодон Ҳазрат Сабоҳӣ, Ӯктам Иброҳим, Илҳомҷон Ҳоҷиев, Баҳор Хуррамзод, Шавкати Баҳром, Шӯҳрати Ҳусейн ва дигарон худ як ҷаҳоне буданд, ки ба мо навқаламон — Дилшоди Фарҳодзод, Шаҳзода Назарзода, Бунафша Саломова, Ҷанобил Музаффарзода, Нилуфар Комилова, Дилрабо Насимӣ, Раъно Облоқулова, Шерзод Бақоев дарси ҳунар омӯхтаанд. Ҳангоми донишҷӯйӣ дар факултаи филологияи донишгоҳ илми каломи мо вусъату сайқал ёфт. Ҳанӯз аз ёд намеравад, ки мавзӯи кори хатмии донишҷӯии банда «Писари газета»-и Фазлиддин Муҳаммадиев — қиссаи тарҷумаиҳолӣ» унвон дошту устод Аслиддин Қамарзода роҳбари кории ман буданд. Ҷойи ифтихор буд, ки аҳли илму адаби он замон ин бандаро «Писари газета» ном мебурданд.

Вақте олими адабиётшинос Ғафурҷон Маҳмудов сармуҳаррири рӯзнома таъин шуд, аҳли идораи рӯзнома бӯҳрони даврони иқтисодиро аз сар мегузарониданд. Нархи коғаз боло рафта ва арзиши пул кайҳо қимати худро гум карда буд. Ғафурҷон Маҳмудов тавонист, ки бо он ҳама радду бадалҳо бо тамоми ҳастӣ кӯшиш намояд ва рӯзномаро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад. Ӯ ки ҷавонмарди шӯҳратёфтаву дар мансаби сардории факулта басе пухта расида буд, дар идораи рӯзнома низ навовариҳои зиёдаро ба по гузошт. Нахуст, ҷавонони масъулиятшиносро новобаста аз ҷои зисташон ба кор гирифту барои пешравии рӯзнома мактаби худро сохт. Ҷонишини сармуҳаррир таъин гаштани шоир Асадулло Шукуров, ба вазифаи котиби масъул гузаштани Фарҳод Неъматов, гурӯҳи тарғибгарон аз ҷумлаи Тоҷиддин Ниёзӣ, Шакар Сайфӣ, Наврӯз Бобоаҳмадов, Икром Ортиқов ва дигарон асоси гуфтаҳои мост. Маҳз дар ҳамин давр бо сарварии журналисти шоистаи Ӯзбекистон Акбар Усмонов Шӯрои собиқадорон таъсис ёфт. Дар он Ботурхон Хилъатпури Валихоҷа, Раззоқ Ғаффоров, Садрӣ Саъдиев, Қаҳрамони Ӯзбекистон Мирумар Асадов, нависандаи барҷаста Болта Ортиқзода ва дигарон моҳе як маротиба сари бурду бохти рӯзнома таҳлилгарӣ мекарданд.

Дар назди идораи рӯзнома бо ташаббусу ғамхории устод Ғафурҷон Маҳмудов рӯзномаҳои хусусии «Булбулча», «Булбулча-доно», «Келажак авлод» ва ғайра ба майдони матбуот омад. Бидуни он, «Овози Самарқанд» замимаҳоеро чун «Футбол», «Бибихонум», «Мадади Сино», «Муғҷа», «Бозаргон» ва ғайраро соҳиб шуд. Ин замимаҳои «Овоз», ба қавле ҳар яке рӯзнома буданду барои тарғиби онҳо Рустами Даврон, Савринисо Нарзуллоева, Абдурафиқ Сангинов, Файзулло Нарзуллоев ва дигарон ба кор омаданд. Дар айни ҷӯшу хурӯши кор бо беморие сармуҳаррири рӯзнома, депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят, фолклоршиноси номӣ Ғафурҷон Маҳмудов ба абадият пайваст. Ва ин вазифаи басо пурбор бо таъиноти ҳокимияти вилоят таи панҷ сол ба зиммаи ин ҷониб афтод ва то тавоноии таҷрибаву рӯҳу ҷон барои ободии маънавии рӯзнома ва идораи он кӯшиш ба харҷ додам, ки ҳолдонҳои намакшинос гувоҳанд.

Ҳоло рӯзномаро ҷавонмарде аз табори шоирон, аз шогирдони мактаби маҳорат ва ҳунари Ғафурҷон Маҳмудов, доктори улуми фалсафа Баҳодур Раҳмонов сарварӣ менамояд ва идораи рӯзнома бо саъю кӯшиши ӯ «Қалами тиллоӣ»-ро ба даст овард. Рӯзнома аз шумора ба шумораи дигар хонову дилкаш мегардаду ходимонаш дар ҳар шумора навоварие ба он илқо месозанд.

Рӯзномаи «Овози Самарқанд» барои ман хонаи бахту уммед ҳам ҳаст. Маҳз бо шодишарикии ҳамкорону мухлисон 25 сол қабл бо Дилрабо Насимии соҳибистеъдод, ҳоло шоираи бачаҳо, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оилае бунёд намуда будем. Фарзонаву Лоиқу Шукрона ҳосили дуои устодон аст.

Озод ҲАМИДЗОДА.