Худованд ба инсон неъматҳое медиҳад, ки онҳоро бо ҳеҷ боигариву давлат иваз кардан мумкин нест. Яке аз ин неъматҳо сазовори ҳурмат ва эҳтироми мардум шудан аст. Ин амал, албатта, дар як рӯз ба даст намеояд. Он натиҷаи меҳнати ҳалол, муносибати нек бо одамон ва зиндагии поку фаъолияти содиқонаи солҳои дароз аст. Фармон Рашидов аз зумраи чунин инсонҳоянд, ки бо фазилати неки инсонии худ сазовори ҳурмату эҳтироми мардум гардидаанд.
Фармон Баҳронович Рашидов 4‑уми августи соли 1960 дар маҳаллаи Боғи Баланд ба дунё омадаанд. Соли 1977 синфи 10‑уми мактаби рақами 10‑ро хатм намуда, соли 1978 ба хизмати ҳарбӣ рафтанд. Пас аз ду соли адои хизмати Ватан, соли 1980 ба зодгоҳ баргашта, соли 1981 бо Офият Аъзамова оила барпо намуданд. Солҳои 1981–1992 дар соҳаи савдо фаъолият карда, баъдан бо соҳибкорӣ машғул шуданд. Солҳои дароз бо меҳнати ҳалол рӯзгор пеш бурда, ҳамзамон ба ҳар касе, ки ба ёрӣ ниёз дошт, дар доираи имконият дасти мадад дароз мекарданд.
Ман Фармонамакро аз хурдсолӣ мешиносам. Ростӣ, дар тамоми ин солҳо дар сурату сираташон ҳамеша хислатҳои некро дидаам, ки ин барои мо намунаи ибрат аст. Боз як хислати хуби он кас ҳамеша маро ба андеша мебарад: новобаста аз он ки ҳамсуҳбаташон хурд ё калон аст, аввалин шуда салом медиҳанд. Ҳар дафъа аз ин рафторашон хиҷолат мекашидам ва ба худ мегуфтам, ки дафъаи дигар ман пештар салом медиҳам. Аммо намешуд, боз ҳам Фармонамак аз мо пештар салом медоданд. Баъдтар хондам, ки дар китобҳои оиди одоби салом чунин навишта шудааст: «Одамҳои ба Офаридгор наздик ба дигарон аввалин шуда салом медиҳанд». Аз ҳамин ҳам метавонем дарк намуд, ки он кас чӣ қадар аз ахлоқу маърифати диниву дунёвӣ хабардор ҳастанд.
Хислати дигари Фармонамак, ки ҳамеша барои ман дарси зиндагӣ буд, ҳурмату эҳтиром ба модарашон буд. Ҳар боре ки ба хонадонашон мерафтам, эҳтирому меҳрубонии фарзандро нисбат ба модар дидаам. Он кас дар ҳама ҳолат модарро дар ҷойи аввал мегузоштанд. Шояд ҳамин хислатҳои некашон аст, ки имрӯз фарзандону наздиконашон ба он кас чунин муносибат доранд.
Фармон амак дар сухангӯӣ ба чунин қоидаҳое, ки Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар мавриди ҳарф задан таъкид намудааст, риоят мекунад:
1. Дар ҳар ҷамъомад, ҳар маҷлис, ҳар нишаст ҳар фард мувофиқи ҳолаш, мақомаш, донишаш, дарку идрокаш бояд сухан гӯяд: «Бо ӯ бо забони ӯ сухан бояд гуфт».
2. Бо лутфу хушрафторӣ бо касон, бо дӯстон, бо рафиқон бояд сухан гуфт, на бо дағаливу дуруштӣ.
3. Дар вақти сухан гуфтан кас бояд кушодарӯй бошад.
4. Сухане гӯяд, ки ба муроди дили шунаванда бошад, шунаванда малоли хотир нашавад, ғубори маломат ба дилаш наангезад.
5. Сухан бояд судбахшу бомағз бошад, инсонҳоро ба покиву ростӣ дар роҳи Ҳақ ҳидоят намояд.
6. То аз ӯ сухан напурсанд, сухан нагӯяд.
7. Дар вақти сухан гуфтан овоз баланд накунад.
8. Дар вақти сухан гуфтан ба чапу рост назар наафканад. Яъне, ба ҳар тараф нанигарад.
9. Бо ғаразу киноя сухан нагӯяд.
10. Аввал хуб андеша кунад ва пасон сухан гӯяд, то пушаймон нашавад.
11. Сухани гӯяндаро набурад. Чун суханашро ба охир расонид, он гоҳ лаб ба сухан кушояд.
12. Сухан кӯтоҳу андак бояд гуфт. Сухан бисёр гуфтан хорӣ орад.
Беҳуда намегӯянд, ки дар муваффақияти ҳар як мард ҳиссаи ҳамсараш кам нест. Бояд гуфт, ки дар комёбиҳои Фармон амак саҳми ҳамсари вафодорашон — ҳоҷӣ-она Офият Маматқуловна назаррас аст. Он кас ҳамчун модар оқила, босабр ва сариштакоранд, ки намунаи онро дар рафтору кирдори фарзанду набераҳо дидан мумкин аст.
Вақте ба зиндагии Ҳоҷӣ Фармон Рашидов ва ҳамсарашон Офият-она назар мекунем, пеш аз ҳама оилаи мустаҳкам ва тарбияи дурусти фарзандон пеши назар меояд. Онҳо аз рӯзҳои аввали зиндагии муштарак кӯшиш карданд, ки фарзандонашонро на танҳо бо нону либос, балки бо меҳру муҳаббат, меҳнати ҳалол ва эҳтироми калонсолон ба воя расонанд. Фармонамак дар тарбия сахтгир ҳастанд, аммо ин сахтгирӣ ҳамеша бо меҳрубонӣ ҳамроҳ аст. Ҳаргиз намехоҳанд, ки фарзандонашон аз роҳи рост дур шаванд. Бо рафтору кирдори худ ба онҳо дарси ростқавлӣ, хоксорӣ ва инсондӯстиро меомӯзониданд. Офият-она бошанд, ҳамчун модари оқила, сарфакор ва сариштакор, бо меҳрубонӣ ва сабру таҳаммул фарзандонро ба илмомӯзӣ, одобу ахлоқи ҳамида тарбия карданд. Самараи ин тарбия имрӯз баръало намоён аст: ҳар се фарзандашон — Ғайрат, Шаҳло ва Фарҳод дар ҷамъият ҷойи худро ёфта, бо меҳнати худ зиндагӣ мекунанд. Аз ҳама беш бо писари калониашон Ғайратҷон бештар ҳамсуҳбат ва ҳамнишин ҳастам ва дар вай самараи тарбияи хуби падарашро мебинам: ӯ ҳамеша хоксор, мулоҳизакор ва хушмуомила аст.
Дар хонадони Фармонамак фарзандон на танҳо суханони неку мулоим мешуниданд, балки онҳоро дар амал низ медиданд. Зеро, тарбия пеш аз ҳама аз рафтори падару модар оғоз мешавад ва ин хонадон намунаи равшани ҳамин ҳақиқат аст.
Имрӯз ин оила соҳиби се фарзанд, нӯҳ набера ва ду абераи ширин мебошад. Зиндагии Фармонамак ва Офият-она барои ҷавонон ибрати зиндагист. Чун оилаи хушбахт бо меҳнати ҳалол, эҳтироми ҳамдигар, тарбияи дурусти фарзандон ва муҳаббат ба падару модар бунёд мешавад.
Фармонамак ба маънои том ба мартабаи инсонӣ расидаанд. То ҳол ҳамон фурӯтанӣ, ҳамон чеҳраи кушода ва ҳамон саломи самимӣ сурату сирати он касро дилнишин мекунад. Бешубҳа, маҳз ҳамин хислатҳост, ки инсонро дар назди мардум азиз мегардонад.
Баҳодури УБАЙДУЛЛОҲ
