Деҳаи Амонқӯтан дар ағбаи «Тахтиқорача», ки минтақаҳои Самарқанд ва Қашқадарёро мепайвандад, байни кӯҳҳои Ургут ҷойгир аст. Табиати пуршукӯҳ ва ҳавои тозаи ин минтақа беназир ва дар ҳар чор фасл пур аз сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ мебошад.
Дода шудани мақоми «Деҳаи сайёҳӣ» ба ин маҳалла соли гузашта имконият ва қулайиҳои фаровонро барои рушди сайёҳии минтақа, баҳрабарии сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ аз зебоии табиати он фароҳам меорад. Вале мо дар ин бора не, балки дар бораи Боғи миллии табиатии «Амонқӯтан», ки чор сол пеш бо мақсади ҳифз, афзоиш ва барқарорсозии набототу ҳайвоноти ин ҳудуд, инчунин захираҳои ҷангал бар асоси қарори Девони Вазирон аз 4‑уми марти соли 2022 таъсис додааст, суҳбат хоҳем кард.
Ин маскан аз ҷониби Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон идора карда мешавад ва яке аз лоиҳаҳои муҳимест, ки барои ҳифзи захираҳои беназири табиӣ ва боқӣ гузоштани муҳити солим барои наслҳои оянда равона гардидааст.
— Барои боғи миллӣ 1,5 ҳазор гектар замини Хоҷагии давлатии ихтисосонидаи ҷангали Ургут ҷудо карда шудааст, — гуфт директори боғ Азамат Амруллоев. — Ҳазор гектари он барои минтақаи мамнӯъгоҳ, 400 гектар барои истироҳат ва 100 гектар барои идоракунии иқтисодӣ мебошад. Мақсади асосӣ ҳифзи намудҳои нобудшавандаи набототу ҳайвонот, захираҳои ҷангал ва рушди экотуризм аст.
Дар муддати кӯтоҳ дар боғ мувофиқи талаботи Қонун «Дар бораи минтақаҳои табиии ҳифзшаванда» тартиботи қатъӣ роҳандозӣ карда шуд. Қаблан дар ин ҷо аз ҷониби аҳолӣ ҳолатҳои чаронидани чорво, буридани дарахтон ва ҷамъоварии растаниҳои шифобахш ба назар мерасиданд, аммо акнун чунин фаъолиятҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ карда мешаванд. Корҳои тарғиботӣ пурзӯр намуда, ба аҳолӣ фаҳмониданд, ки ҳифзи табиат на танҳо вазифаи имрӯз, балки вазифаи наслҳои оянда низ мебошад.
Тибқи маълумот, дар қаламрави Амонқӯтан зиёда аз 1300 намуди растанӣ месабзад ва беш аз 120 ҳайвону ҷонварон зиндагӣ мекунанд. Аксарияти онҳо ба «Китоби сурх»-и Ӯзбекистон дохил карда шудаанд. Ҳоло 15 корманд барои ҳифзи ин сарвати беназир масъул мебошанд.
— Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда табиат барқарор мешавад, — гуфт А. Амруллоев дар идома. — Шумораи парандаҳо, хазандагон ва ҳайвоноти ваҳшӣ меафзояд. 37 намуди растаниҳои нодир, ки қаблан онҳоро ба «Китоби сурх» дохил карда буданд, ҳоло дар минтақа васеъ паҳн шудаанд. Боғи миллӣ барои таҳқиқоти илмӣ низ кушода аст. Ҳамкорӣ бо кафедраҳои ботаника ва зоологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд барқарор гардида, барои омӯзиш ва истеҳсоли такрори намудҳои нодир таҳқиқот гузаронида мешавад. Аз ҷумла, таҷриба оид ба истеҳсоли такрори инвитрои лолаи кӯҳи Амонқӯтан бомуваффақият анҷом дода шуд ва бо шинонидани он манзараи зебо ба вуҷуд омад. Аз сабаби манъи шикор, паранда ва ҳайвоноти кӯчманчӣ низ ба ин минтақа бармегарданд. Пайдо шудани тазаври Зарафшон баъди қариб 70 сол, инчунин ворид шудани хирси мода бо ду бача ба минтақаи боғ далели равшани барқароршавии табиат аст.
Дар кӯҳҳои Амонқӯтан дарахтони нодир ба монанди арчаи кӯҳии Зарафшон, дӯлона ва бодоми талх мерӯянд. Ғайр аз ин, айлант, акатсия, булут, заранг, ясен ва санавбари қримӣ, ки соли 1878 аз ҷангалҳои Аврупо оварда шуда буданд, ҳоло ин минтақаро ба ҷангали зич табдил додаанд. Тибқи натиҷаҳои охирини мониторинг, беш аз як миллион ниҳоли ҷавон табиатан сабзидаанд ва беш аз даҳ чашмаи қаблан хушкида дубора ҷорӣ гардидаанд.
Хулоса, талошҳои кормандони Боғи миллии табиати «Амонқӯтан» дар муддати кӯтоҳ самараи худро медиҳанд. Мисоли ин минтақа ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи табиат бо тамоми зебоиаш аз ҳарвақта муҳимтар аст.
Фазлиддин РӮЗИБОЕВ
