Дар робита ба ҳолатҳои қарздории беасос, оид ба бознигарии маҳдудиятҳои муваққатие, ки ба таъминоти нерӯи барқ ҷорӣ карда шудаанд, ба Агентии идоракунии партовҳо дархост ирсол гардидааст.
Ба Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва мақомоти ҳудудии он дар давоми соли 2025 оид ба хизматрасониҳои интиқоли партовҳои сахти маишӣ 1141 муроҷиат ворид гардидааст. Дар моҳҳои аввали соли 2026 бошад, вобаста ба ҳамин масъала беш аз 850 муроҷиат ба қайд гирифта шуда, афзоиши назарраси шумораи муроҷиатҳо мушоҳида мегардад.
Дар муроҷиатҳо асосан аз сари вақт бурда нашудани партовҳо, паст будани сифати хизматрасонӣ, риоя нагардидани шартҳои шартнома, инчунин аз ҷониби корхонаҳои хизматрасон беасос ҳисоб намудани қарздорӣ ва дар натиҷаи он ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо ба пардохти нерӯи барқи шаҳрвандон эътирозҳои асоснок баён гардидаанд.
Дар ҷараёни омӯзишҳо муайян шудааст, ки дар баъзе ҳудудҳо даврияти минималии муқарраршудаи ҷамъ кардани партовҳо риоя намегардад ва нисбат ба шаҳрвандон қарздории беасос ҳисоб карда мешавад.
Тибқи иттилои Кумита, қисми асосии муроҷиатҳо ба вилоятҳои Намангон, Қашқадарё, Ҷиззах, Тошканд ва Фарғона рост меояд.
Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, хизматрасониҳои ҷамъ кардани партовҳои сахти маишӣ бояд дар муҳлат ва бо даврияти муқарраршуда анҷом дода шаванд. Ҳамчунин, дар ҳолатҳои хизматрасонӣ анҷом надодашуда ё бо сифати паст анҷомёфта, истеъмолкунанда барои давраи дахлдор аз пардохт озод карда мешавад.
Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 16-уми октябри соли 2025 таҳти рақами 648, пешбурди ҳисоби қарздорӣ дар соҳаи идоракунии партовҳо, таҳлил ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани он аз вазифаҳои агентии дахлдор ба ҳисоб меравад.
Бо дарназардошти ин, оид ба бознигарии маҳдудиятҳои муваққатие, ки ба таъминоти нерӯи барқ вобаста ба ҳолатҳои қарздории беасос ҷорӣ карда шудаанд, ба Агентии идоракунии партовҳо дархост ирсол гардидааст.
