Ovozi.uz

Кормандони корҳои дохилӣ қадрдонӣ шуданд

Дар кишвари мо кормандони корҳои дохилӣ барои таъмини зиндагии орому осудаи мардуми мо содиқона хизмат мекунанд. Халқи мо ҳамеша ба заҳмати онҳо арҷ мегузоранд. Заҳмати онҳо дар чорабинии тантанавӣ, ки ба муносибати Рӯзи кормандони корҳои дохилӣ баргузор шуд, низ қадрдонӣ шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар ин чорабинӣ иштирок карда, табрикоти идонаи Президентро ба кормандони соҳа хонд. Роҳбари вилоят, инчунин дар бораи корҳое, ки барои мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо анҷом дода мешаванд, суханронӣ карда, қайд кард, ки тақвияти минбаъдаи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа яке аз вазифаҳои муҳими имрӯза аст.

Дар ин чорабинӣ заҳмати фидокоронаи кормандони корҳои дохилӣ, ки хидмати бошарафона ва масъулиятноки таъмини сулҳу осоиштагиро анҷом медиҳанд, қадрдонӣ карда шуд. Ба собиқадорон эҳтиром гузошта шуд ва гуфта шуд, ки таҷрибаи ғании онҳо дар ин соҳа намунаи ибрат барои насли ҷавон аст.

Дар чорабинӣ ба як гурӯҳ кормандони соҳа барои хидмати намунавиашон ташаккурномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.