Ovozi.uz

Ислом Махачев бо шикаст додани Делла Маддалена қаҳрамони ҷаҳони вазни ниммиёна шуд

Ислом Махачев, размикори доғистонӣ дар вохӯрии асосии мусобиқаи “UFC 322” ҳарифи 29-солаи австралиягии худ Ҷек Делла Маддаленаро шикаст дод. Баъди ин пирӯзӣ Махачев қаҳрамони ҷаҳони вазни ниммиёна шуд.

Ин ҷанг дар варзишгоҳи “Мэдисон Сквер Гарден”-и шаҳри Ню-Йорки Америка сурат гирифта, чанд соат пеш анҷом ёфт.

Делла Маддалена то ҳозир 21 ҷанг гузаронида, дар 18-тои он пирӯз шудааст. Имрӯз ӯ сеюмин бохти худро дар корномааш ба қайд гирифта, аз унвони қаҳрамонияш ҳимоя карда натавонист. Маддалена унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни ниммиёнаро моҳи май баъди ғалаба муқобили Билол Муҳаммад, размикори амрикоӣ ба даст оварда буд.

Ислом Махачев дар ришати муҳорибаҳои омехта 29 мубориза анҷом дода, дар 28-тои он ғалаба ба даст овардааст ва танҳо як шикаст дорад.

Ӯ қаблан бо хоҳиши худ камарбанди қаҳрамонии “UFC” дар вазни сабукро канор гузошта, қарор карда буд, ки ба вазни ниммиёна гузарад. Дар охирин муҳорибаи худ Махачев барои ҳимоя аз унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук моҳи январ Ренато Мойканои бразилиро шикаст дода буд.