Ovozi.uz

Қарзҳои имтиёзнок барои некӯаҳволии мардум ва рушди соҳибкорӣ

Барои таъмини шуғл, дастгирии соҳибкорӣ ва афзоиши даромади хонадонҳо ба шӯъбаи «Бонки халқӣ» («Xalq banki»)-и ноҳияи Каттақӯрон 24 маҳаллаи ҳудуди мазкур вобаста карда шудааст. Дар 20 ҳазору 65 хонаводаи ин маҳаллаҳо 95 ҳазору 120 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Аз онҳо 697 оила дар «Феҳристи оилаҳои камбизоат» ва 1950 шаҳрванди бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин ҳудудҳо ҷамъ 682 субъекти соҳибкорӣ фаъолият мебаранд. 211 нафари онҳо шахсони ҳуқуқӣ ва 471 нафар соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Самтҳои асосии фаъолияти онҳо тиҷорат, хизматрасонӣ, истеҳсолот ва кишоварзиро дар бар мегиранд.

Аз аввали соли равон ба 454 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои рушди тиҷорати хурд, хурд ва миёна ба миқдори 57 миллиарду 677 миллион сӯм қарз ҷудо карда буданд. Аз ҷумла, тибқи барномаи «Қадами аввал ба тиҷорат» ба 147 нафар 3 миллиард 850 миллион сӯм, тибқи барномаи «Соҳибкории оилавӣ» ба 277 нафар 4 миллиард 308 миллион сӯм, тибқи «Лоиҳаи маҳалла» ба 155 нафар 12 миллиарду 34 миллион сӯм ва тибқи Қарори Президент таҳти рақами 312 ба 19 нафар 2 миллиарду 937 миллион сӯм қарзҳои имтиёзнок доданд.

Ба туфайли ин маблағҳо 276 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуданд. Инчунин, даромади 302 нафар сокинони маҳаллаҳо афзуд.

Ҳамчунин, 57 лоиҳаи хурд дар асоси «Таҷрибаи Сайҳунобод» амалӣ гардиданд. Онҳо дар бахшҳои тиҷорату хӯроки умумӣ (37‑то) ва кишоварзӣ (20) мебошанд. Дар доираи ин лоиҳаҳо 169 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд.

Дар самти коҳиш додани камбизоатӣ низ натиҷаҳои назаррас ба қайд гирифта мешаванд. Аз ҷумла, 72 шаҳрванди дар аз рӯйхати «Оилаҳои камбизоат»-буда касб омӯхта, бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин гарданд. Илова бар ин, дар натиҷаи ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба маблағи умумии 420 миллион сӯм даромади 21 оила афзоиш ёфта, аз феҳрист хориҷ шуданд.

То охири сол, дар доираи барномаҳо ҷудо кардани 36 миллиарду 583 миллион сӯм маблағҳои қарзӣ, татбиқи 215 лоиҳаи нави хурд, таъсиси 1413 ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади 4945 нафарро ба нақша гирифтанд.

Роҳбарият ва кормандони масъули шӯъбаи ноҳиявии «Бонки халқӣ» мунтазам дар маҳаллаҳо оид ба имкониятҳои истифодаи самараноки хизматрасонии бонкӣ, қарзҳои имтиёзнок, барномаҳои давлатӣ ва хизматрасонии молиявӣ корҳои васеъмиқёси таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд. Ин гуна чорабиниҳо барои рушди соҳибкорӣ дар ноҳия, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва беҳтар кардани некӯаҳволии оилаҳо саҳми назаррас мегузоранд.

Аз рӯйи хабари хизмати матбуоти ноҳия таҳия карда шуд.