Ба қарибӣ аз ҷониби тадқиқотчиён муайян гардид, ки ба туфайли ҳолатҳои хавотирнок ва депрессияи одамон иқтисодиёт чӣ қадар зарар мебинад.
Чуноне ки дар ҳисоботи «Саломатии рӯҳии дунёи имрӯза» таъкид гардидааст, дар рӯи Замин камаш 1 миллиард одам аз осебҳои рӯҳӣ азият мекашанд. Ин маънои онро дорад, ки аз ҳар 8 нафар дар 1 нафар сокини сайёраи мо муаммои мағзи сар мавҷуд аст.
Аз сабаби депрессия ва ҳолати хавотирнок 12 миллиард рӯзи корӣ гум карда мешавад, ки ин баробари 1 триллион доллари ИМА бохти молиявӣ аст.
Барои табобати чунин хастагии рӯҳӣ сарф шудани чӣ қадар маблағ муайян карда нашудааст. Дар мамлакатҳои мутараққӣ ин ба ҳар сари аҳолӣ 65 долларро ташкил кунад, дар мамлакатҳои даромадашон паст дар атрофи 0,04 доллар аст.
СУТ (Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ) таъкид кардааст, ки ба ҳар одами ҳаштум ёрӣ зарур аст ва ба ин масъала ба таври ҷиддӣ муносибат намудан зарур аст.
