Президенти ИМА Доналд Трамп имрӯз баёнот медиҳад. Мувофиқи маълумоти Кохи Сафед, суханронии Трамп ба вақти маҳаллӣ соати 16:00 оғоз мешавад. Аммо мавзӯи баёноти ӯ маълум нест.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Трамп қасд дорад номи Вазорати мудофиаи ИМА-ро ба Вазорати ҷанг иваз кунад. Агар ин тавр шавад, Пит Ҳегсет «Вазири ҷанг» номида мешавад. Илова бар ин, фармон Ҳегсетро маҷбур мекунад, ки қонунгузорӣ ва амалҳои иҷроияро омода кунад, ки ба ӯ имкон медиҳад номи Вазорати мудофиаро ба таври доимӣ иваз кунад.
Рӯзи 25-уми августи соли ҷорӣ Трамп гуфт, ки вай аз номи кӯҳнаи Вазорати мудофиа дида, «Вазорати ҷанг»-ро беҳтар медонад. Ба андешаи ӯ, номи департамент бояд тавоноии Амрикоро на танҳо барои мудофиа аз худ, балки дар ҳамла ҳам нишон диҳад.
