Ovozi.uz

Зӯҳробегим дар оинаи эҷод

Дар толори фаъолони Маркази ахборот-­ресурси Донишкадаи забон ва маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ бахшида ба 50-солагии шоираи ширинкалом Зуҳра Бегим чорабинии адабиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Он бо суханони муқаддимавии декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷӯлибой Элтазаров оғоз ёфт. Сипас, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии шоира инчунин, нақши ӯ дар адабиёти муосир ва мазмуну мӯҳтавои ашъори ӯ ҳарф зад.

Дар рафти чорабинӣ видеоролик дар бораи фаъолияти Зуҳра Бегим намоиш дода шуд. Инчунин, як қатор нависанда ва шоирон ширкат варзида, паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти Зуҳра Бегимро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ сурудҳое, ки бар асоси ашъори шоира эҷод шудаанд, аз ҷониби ҳунармандон иҷро гардиданд, ки ба барнома ҳусни хос бахшид.