Аз ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 81 сол сипарӣ шуд. Бояд алоҳида қайд намуд, ки барои ба даст овардани ғалаба ҳамдиёрони мо, аз ҷумла диловарони самарқандӣ низ саҳми арзанда гузоштаанд. Дареғо, аз онҳое, ки дар ҷанг барои пирӯзӣ талош варзидаанд, танҳо як нафар — Аҳадбобо Очилови 102‑сола дар қайди ҳаёт асту бас.
— Имрӯзҳо фарзанду наберагон, хешу пайвандон, ёру дӯстон ва дигарон ба табрикам меоянд, ки ҳавлӣ пур аз одам, хонаи дилам лабрези шодиву сурур гардидааст, — бо ҳисси шодмонӣ лаб ба сухан кушод Аҳадбобо Очилов. — Ҳангоми адои намозҳоям шукронаи ин давру замон, нозу неъмат ва ғамхориҳои ҳукумати Ӯзбекистони Навро мекунам. Бо Президенти мамлакат, муҳтарам Шавкат Мирзиёев 4-5 маротиба суҳбати дилнишин намудаам. Бовар кунед, қудрати беназир, заковату тадбиркорӣ, меҳрубонӣ, дурбинии Сарвари давлатамон дар ҳар қадаму ҳар кори ӯ намоён мешавад. Дидам ва шоҳиди зинда ҳастам, ки барои ӯ неъмати аз ҳама бузургу муқаддас гиромидошти қадри инсон мебошад. Таъзим мекунам ба ин марди донишманду равшанфикр, хоксору росткор, пурдону соҳибтаҷриба, ки фикру зикраш имрӯзу фардои дурахшони халқу Ватан аст. Гоҳо чанд саҳифаи умрам мисли навор аз пеши назарам мегузарад…
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳаёти осудаи оилаи Очиламакро низ ба ташвишу таҳлука гузошт. Баҳори соли 1942 Аҳади 17‑сола дар саҳро каланд мезад. Нобаҳангом ду нафар пайдо шуда, ӯро ба ҳолу ҷонаш нагузошта ба комиссариати ҳарбӣ бурданд. Баъди саволу ҷавоби кӯтоҳ бо чанд нафар ба роҳи оҳани Самарқанд омад.
Хушбахтона, қабл аз ба ҳаракат омадани қатора бо волидон хайру хуш карда тавонист.
Ӯ дар пойтахти Туркманистон — шаҳри Ашқобод тӯли шаш моҳ сиру асрори танкронӣ, истифода аз аслиҳаи ҳарбиро омӯхт.
Корномаи аввалинаш дар муҳорибаи таърихии Моздаки Қафқоз ба ӯ шуҳрат овард. Душман девонавор ба хатти мудофиавии аскарони шӯравӣ ҳамлаи бераҳму бешафқат менамуд, вале муҳориба бо ғалабаи Армияи Сурх анҷом ёфт.
Экипажи Аҳад Очилов, ки ӯ ронанда, Петров ном шахси рус командир ва Николаи тирпуркунанда аз Украина буданд, бо танки «ДТ- 34» барои аз душманони ғаддор озод кардани шаҳру деҳаҳои Украина, Молдова, Венгрия, Чехословакия ва дигар кишварҳои Аврупо саҳми арзанда гузоштанд. Ротаи танкии Аҳад Очилов нашъаи ғалабаро дар назди Рейхстаг, пойтахти Германия — шаҳри Берлин чашид.
Баъди несту нобуд кардани урдугоҳҳои фашизм аскарони шӯравӣ ба ватан баргаштанд, вале генерали ӯ Иван Александрович Голосов ба вай рухсат надод, ки назди волидон баргардад. «Мо ҳар ду ҷанг, талафот, қурбонӣ, талош барои пирӯзӣ, яъне рӯзҳои пуртаҳлука, тоқатфарсо ва ғайраро бисёр дидем, — гуфт Иван Голосов. — Ту аз ҳар гуна имтиҳони зиндагӣ сарбаландона гузаштӣ. Шоҳиди хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ дорӣ, ки ба ман писанд омад. Ана барои чӣ туро ба худ шахси боэътимод — адютант таъин мекунам.»
Сарбози гаправ итоаткорона боз панҷ сол либоси ҳарбӣ пӯшид. Соли 1950 ба зодгоҳаш, деҳаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд баргашта омад. Сад дареғо, ки модари бечора дар интизори фарзанд чашм аз олами ҳастӣ пӯшида ва дидор ба қиёмат монда буд. Падараш бо душворӣ умр ба сар мебурд, ки писараш қанот, такягоҳи ӯ шуд.
Аҳад Очилов бо дастгирӣ ва ҷонибдории раиси хоҷагии ҷамоатии собиқ «Москва» бо Зубайда Очилова ақди никоҳ баст.
Собиқ афсари Армияи Сурх Аҳадбобо Очилов пас аз хатми шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо касби омӯзгорӣ машғул шуд. Дар мактаби рақами 3‑и зодгоҳаш беш аз 50 сол муаллими забон ва адабиёт буд. Барои хоси замона таълиму тарбия додани ҳазорҳо нафар фарзандони маҳалла саҳми муносиб гузошт. Аз ҳама муҳимаш, бо ҳамсараш шаш нафар фарзандонро соҳиби илму дониш, касбу кор, хонаву ҷой кард.
Духтари калониаш Зулайхо аз паси падари бузургвор рафта, муаллима шуд ва ҳоло дар нафақа аст. Низомиддин ҳарбӣ буд ва дар яке аз амалиётҳои нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қаҳрамонона ҷон бохт. Искандари шодравон ба дарди бедаво печид ва ба Ҳақ пайваст. Садриддин, Увайсӣ, Нодира бо соҳибкорӣ машғул ҳастанд.
Аҳадбобо соҳиби қариб сад нафар набера, абера ва чабера буда, аксарияти онҳо соҳиби касбу кори гуногун мебошанд.
— Дар маҳаллаи Арабхона ягон тӯй ва маърака бидуни иштироки падарам намегузаранд, — иброз дошт Садриддин, писари Аҳадбобо. — Падарам табиатан инсони поксиришту ҳақталош аст. Хислатҳои наҷибу ҳамидаи падар ба мо, фарзандону наберагон гузошта, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба ҳама некӣ намоем.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА
