Имрӯзҳо як гурӯҳ роҳбар ва соҳибкорони мо бо сарварии ҳокими вилоят Э. Турдимов дар Федератсияи Россия қарор доранд. Дар давоми сафари хизматӣ, ки бо мақсади густариши робитаҳои савдо-иқтисодӣ ва маданӣ ташкил гардидааст, дар шаҳри Екатеринбург Хонаи савдои вилоятамон кушода шуд.
Дар Хонаи савдо маҳсулоти дар Самарқанд истеҳсолшуда, аз қабили трикотаж, гилем ва ғайраро намоиш дода, роҷеъ ба хизматҳо маълумот медиҳанд.
Ҳокими вилоят Э. Турдимов ва роҳбарони вилояти Свердловск бо шароитҳои мусоиде, ки дар Хонаи савдои соҳибкорони самарқандӣ ин ҷо фароҳам оварда шудааст, шинос щуданд.
Инчунин, парерӯз дар шаҳри Екатеринбург бизнес-форуми соҳибкорони вилоятҳои Самарқанд ва Свердловск баргузор гардид.
Дар он роҷеъ ба салоҳияти инвеститсионӣ ва имкониятҳои тиҷоратии вилоятамон ва қонунгузории мамлакатамон маълумот дода шуд.
Мувофиқи маълумоти хизмати ахбори ҳокимияти вилоят, дар давоми форуми тиҷоратӣ Э. Турдимов бо як қатор соҳибкорони россиягӣ вохӯрда, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуд.
Ҳайати намояндагони вилояти мо бо фаъолияти чанд фирма ва ширкатҳо низ аз наздик шинос шуданд.
Инчунин, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар доираи ташрифи худ ба Федератсияи Россия бо губернатори вилояти Челябинск Алексей Текслер низ мулоқот кард.
Зимни сӯҳбат масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ баррасӣ шуданд.
Дар шаҳри Челябинск бизнес-форуми соҳибкорони вилоятҳои Самарқанд ва Челябинск доир гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд гуфтушунид карданд.
