Ovozi.uz

Дар маҷмааи намоишгоҳи «Sof Expo Samarkand»-и ноҳияи Ҷомбой ярмаркаи саноатии байнисоҳавии минтақавии Самарқанд ва форуми саноатчиён оғоз гардид

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар ифтитоҳи намоишгоҳ иштирок намуда, қайд кард, ки ярмаркаи навбатии саноатии байнисоҳавии минтақавӣ ба намоиши иқтидори саноати маҳаллии вилояти мо, бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ва маҳаллӣ, густариши ҳамкориҳои байни корхонаҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар корхонаҳои мо хизмат хоҳад кард.

Пас аз он ғолибони номинатсияҳои «Намунатарин корхонаи сол дар бахши корпоратсияи саноатӣ», «Намунатарин корхонаи барномаи маҳаллисозӣ», «Намунатарин корхонаи содиротӣ дар бахши саноат», «Намунатарин бренди сол» аз рӯи охири соли 2024 мукофотонида шуданд.

Дар намоишгоҳ беш аз 2000 маҳсулот аз беш аз 70 корхона, аз ҷумла корхонаҳои сайёҳӣ, электротехника, мошинсозӣ, саноати масолеҳи сохтмонӣ, саноати чарму пойафзол, истеҳсоли мебел, саноати хӯрокворӣ, қолинбофӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин лоиҳаҳои стартапи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҷавонон ба намоиш гузошта шудаанд.