Рӯзҳои 16-17-уми апрел дар шаҳри Чикагои аёлати Иллиноис форуми байналмилалии тиҷоратии «CABXPO Chicago-2025» баргузор шуд.
Дар ин чорабинии бонуфузе, ки ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида нигаронида шудааст, Вазири технологияҳои рақамӣ Шерзод Шерматов ва роҳбари гурӯҳи ташкилию кадрии ҳокимияти вилоят Беҳзод Раҳматуллоев дар бораи иқтидори сармоягузорӣ ва иқтисодии минтақа, рушди муносибатҳо бо шарикони байналмилалӣ ва имкониятҳои соҳибкории минтақа суханронӣ карданд.
Дар ин форум роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва бахшҳои нави ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ шуда, ду меморандуми бузург ба имзо расид.
