Ovozi.uz

«Касбу корам сартарош…»

Дар дунё касбу кори зиёд ҳаст. Яке аз чунин ҳунарҳо, ки барои инсоният, хосса мардҳо ниҳоят зарур буда, аз кӯдакӣ то лаҳзаҳои вопасини умр ба он ниёз доранд, сартарошӣ мебошад.
Нақли мо дар бораи устои соҳибтаҷриба ва соҳибэҳтироми деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд Алишерхон Ҷӯрахонов аст, ки беш аз чоряк аср ба мардум хизмати беминнат мерасонад…
Таътили тобистона буд. Рӯзе падари хонандон Аҳрорхонамак Алишерхони мактабхонро ба сартарошхонаи усто Ғайбулло Зубайдуллоев, ки дар шафати ҳавлиашон мавқеъ дошт, бурда гуфт:
— Писарҷон, ана ба шумо шогирд, касби шуморо омӯзад, ки бузургон насиҳат кардаанд:
Ҳар кӣ бошад қарини аҳли ҳунар,
Зуд ёбад ба ҳар мурод зафар.
Алишерхон дар назди раҳматӣ усто Ғайбулло, ки марди дилёбу дарёдил, ҳалиму хоксор буд, на танҳо касби сартарошӣ, балки хислатҳои неки инсониро омӯхт. Гарчанд, ҳоло ӯ дар байни мо нест, шогирдон кори неку номи неки ӯро пос медоранд ва Алишерхон Ҷӯрахонов аз зумраи онҳост. Ҳоло дӯкони усто Алишерхон дар шафати масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҷойгир аст. Ҳамарӯза аз субҳи содиқ мизоҷон дар сартарошхона навбат мепоянд. Усто дар барорбари ба тартиб овардани мӯй ва ришу мӯйлаби мизоҷон, ба шогирдони худ сирру асрори касбро меомӯзад.
То ҳол вай беш аз 50 нафар шогирдонро «паррончак» кардааст ва ҳоло онҳо на танҳо дар Самарқанд, балки дар Русия, Туркманистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон сартарошӣ мекунанд.
Инҷониб борҳо дар сартарошхонаи ӯ шоҳиди он гардидаам, ки Алишерхон ба шогирдон ҳам касб меомӯзаду ҳам тарбия медиҳад.
— Усто ниҳоят инсони дилсӯзу меҳрубон ҳастанд, — иброз дошт шогирди ӯ Азизҷон, — Моро баробари омӯхтани асрори ҳунар, ба китобхонӣ, рӯзномаву маҷаллахонӣ ташвиқ мекунанд. Рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Янги Ӯзбекистон», «Овози Самарқанд», «Гулобод тонги»-ро меоранд. Миҷозон низ вақти навбатпоӣ рӯзномаву маҷаллаҳоро мутолиа карда, ғизои маънавӣ мегиранд.
Боз як хислати лоиқи таҳсини усто он аст, ки ба ҳаққи хизмат нарх намегузорад ва ҳар кӣ аз рӯи ҳиммат нарзи даст медиҳаду халос.
— Ин одат аз раҳматӣ устодам Ғайбуллоака мерос мондааст, — хоксорона гуфт Алишерхон. — Вақте аз устод сабаби ин амалашонро мепурсидем, бо чунин байт ҷавоб медоданд:
Ҳар киро одат шавад ҷуду карам,
Дар миёни халқ гардад мӯҳтарам!
Алишерхон Ҷӯрахонов бо ҳамсари меҳрубонаш, дӯзанда Аберахон Қувватова ба чор нафар фарзанди худ ҳам тарбияи нек медиҳанду ҳам ҳунар меомӯзанд. Писарҳои калонӣ Аҳрорхону Азаматхон аз пайи падар рафта, дар кори қиблагоҳ кӯмак мекунанд. Асламхону Шукронахон бошанд мактабхон.
— Ҳамнишине беҳ аз китоб нест, — гуфт Алишерхон Ҷӯрахонов. — Солҳои охир асарҳои бузургонро мутолиа карда, соҳиби хеле маълумот шудам. Аммо тааҷҷуби ман аз он аст, ки баъзе ҷавонон ба бемории «телефонбозӣ» гирифтор шудаанд. Камина ҳангоми қабули шогирдон пеш аз ҳама дар назди онҳо шарт мегузорам, ки ё телефонбозӣ ё ҳунаромӯзӣ. Интихоб аз онҳо мешавад. Чанде пеш як шогирдам ҳунаромӯзӣ гуфт, аммо ба телефон дил басту ба кор не. Маҷбур шудам, ӯро ҷавоб диҳам.
Албатта, дар сартарошхонаи усто Алишерхон чанд муддат нишаста хеле аз кору гуфтори ӯ огоҳӣ ёфтем. Тааҷҷуби мо аз он буд, ки вай ҳам чаққон қайчӣ мезад ва ҳам бо атрофиён сӯҳбати гарм меорост.
— Касби мо ҳам мӯътабару ҳам лоиқи ситоиш аст, — нимҷиддӣ ва нимшӯхӣ иброз намуд Алишерхон. — Ҳофизон сурудеро бо сархати «Касбу корам сартарош» хонда, таб­ъи моро болида месозанд. Ман ҳам фахр дорам, ки касбам сартарош ва он суруд дар бораи мост…

Зоҳир ҲАСАНЗОДА