Ovozi.uz

Ҷумъаҳои бахосият

Инсон ба дунё меояд. Нахуст ӯро модар ба оғӯши гарм мегирад… Бо ёрии модар атрофиёнро мешиносад…  Модар шабу рӯз ба вай ғамхорӣ мекунад. Тифл бошад, ҳатто бо чашмони пӯшида модарро мешиносад. Дигаронро ба қавле “бегона” мебинад.

Рӯзномаи “Овози Самарқанд” ҳам барои ҳар як самарқандӣ мисли модар ғамхорӣ намуда,  бо хабару лавҳа, мусоҳибаву мақолаҳои дилчаспаш ба дилҳо сурур мебахшад. Мо эҷодкорони наврас чакидаҳои хомаамонро аз саҳифаҳои зебояш хонда, гӯиё боз мурғи илҳомамон ҷӯш мезанад.

Ман низ ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаву коллеҷ ба китобхона даромада, аз байни рӯзномаҳои зиёд бастаи “Овози Самарқанд”-ро меҷустам. Ба назарам аз ҳама зебову гуворо “Овози Самарқанд” аст. Аз он бӯйи хоки Ватан, меҳри модар, навозиши падар меояд…

Ба воситаи шабакаи иҷтимоӣ хабари ҷашни 35-солагии “Овози Самарқанд”ро шунида, тамоми вуҷудамро ҳисси шодмониву ифтихор пахш кард. Тамоми шаб хобам набурд. Дар васфи “Овози Самарқанд” суханҳои зиёд мехоҳам гӯям, аммо намедонам аз кадоме сар кунам.

Пеши назарам симои нуронии яке аз сармуҳаррирони собиқи “Овози Самарқанд” Ғафурҷон Маҳмудов ҷилвагар гашт. Бори нахуст ман он касро 6-уми ноябри соли 2009 дар идораи «Овози Самарқанд” дида будам…

Дар бачагӣ хеле шӯху кунҷков ва беқарор будам. Додарам баракси ман қобилу гапдаро, дар як ҷой ором менишаст. Пагоҳӣ модарам, мухбири “Овози Самарқанд” — Дилрабо Насимӣ гуфт, ки дар рӯзнома навбатдор асту шояд аз кор дер ояд. Аз ин рӯ, маро ҳамроҳаш мебарад.  Ман хеле хурсанд шудам.

Дар утоқи корӣ модарам дар компютер менависту ман бастаи газетаи “Овози Самарқанд”-ро аз назар мегузаронидам.

Дар тақ-тақ шуду марди босалобате вориди ҳуҷра шуд. Ман зуд аз ҷой хеста, салом додам.

—  Хуб ҳастӣ, набераи ширин? — гӯён ба ман дафтар, қалам, журнали бачагона, шоколад дод ва илова кард. — Ин ба ту тӯҳфа!

Бо меҳр ба ман нигариста, берун рафт.

Инсон ба дунё меояд. Нахуст ӯро модар ба оғӯши гарм мегирад… Бо ёрии модар атрофиёнро мешиносад…  Модар шабу рӯз ба вай ғамхорӣ мекунад. Тифл бошад, ҳатто бо чашмони пӯшида модарро мешиносад. Дигаронро ба қавле “бегона” мебинад.

— Бийиҷон, Домулло ҳамин кас-мӣ? — пурсидам аз модарам.

— Ҳа, — ҷавоб дод модарам. — Сармуҳаррири газета.

— Рӯзи таваллуди маро медонистен-а? Аз ҳама пеш ба ман тӯҳфа додан…

Модарам ҳанӯз ҷавоб надода, дарро касе кӯфт. Ҷавонмарди қоматбаланде ворид шуд.

— Чӣ хел, ҷиян, ту нагзмӣ? — баъди ба саломам алейк гирифтан даст дароз кард ӯ.

— Шумо навбатдор-а? — ба модарам рӯ овард ӯ. — Мана, саҳифа тайёр, танҳо санаи рӯз ва шумораашро дуруст кардам. Шумо саҳифаро хонед, мо боз саҳифаи дигарро тайёр мекунем…

Коғази дар дасташ бударо болои стол гузошта, бо ручкааш чизе навишт. Дар назарам чунин намуд, ки  як саҳифаи газетаро кандаанд ва боз онро ду пора кардаанд.

— Ноинсоф! — аз қафояш бо ҷаҳл хитоб намудам ман. — Газетаро бӯлак карда, боз ба болояш менависад!

— Кори газета осон нест, — фаҳмонд модарам. — Ин кас котиби масъули рӯзнома, шоир Баҳодур Убайдулоҳ. Аз рӯйи тарҳи кашидаи котиби масъул рӯзнома саҳифабандӣ шуда, як саҳифа ба воситаи принтер ду қисм шуда мебарояд…

Ҳамон рӯз бори аввал гувоҳи воқеаи таърихӣ шудам. Пеши назарам газетаи “Овози Самарқанд” тайёр мешуд. Саҳифабанд Азамат Аминов аз рӯйи тарҳи кашидаи Баҳодур Раҳмонов ва Икром Ортиқов саҳифа мебаст. Мусаҳҳеҳ Мустафои Вафозод маводи газетаро мехонд. Ходимони газета барои хонову зебо ва бехато чоп шудани рӯзнома кӯшиш мекарданд. То ба дасти хонанда расидани рӯзнома он борҳо аз назари мусаҳҳеҳу навбатдор, котиби масъулу сармуҳаррир мегузарад.

Рӯзи дигар ба хонаамон меҳмонҳо ҷамъ омаданд. Ҳама маро бо зодрӯзам табрик мекард. Ман бошам, бо ифтихор иброз медоштам, ки аввалин шуда маро бо зодрӯзам  дар идораи “Овози Самарқанд” Домулло табрик карда, тӯҳфа бахшиданд.

Инак, аз ҳамон сол 16 сол сипарӣ шудааст. Ман ҳамон рӯзи ҷумъа 6-уми ноябрро, ки бори нахуст ба идораи “Овози Самарқанд” омадам, фаромӯш намекунам.

Рӯзи ҷумъаро мардум бахосият мешуморанд. Бахусус, агар  он дар санаи 13 ояд.

Рӯзи 13-уми ноябри соли 2021 бошад, шумораи сеҳазорумини рӯзномаи “Овози Самарқанд” ба чоп супорида шуда буд.

Инчунин, 13-уми ноябри соли 1999 ду корманди “Овози Самарқанд” Озод Ҳамидзода ва Дилрабо Насимӣ оиладор шуда буданд. Падарамро аҳли илму адаби Самарқанд “Писари газета” ном мебаранд.

Ҷашни 35-солагии рӯзнома низ рӯзи ҷумъа дар толори бошукӯҳ баргузор гардид. Аз самимияту суханронии нотиқон таасурот, илҳом ва нерӯи тоза гирифтам.

Тамоми кормандон, мухлисону муштариёни “Овози Самарқанд”-ро бо санаи таърихӣ табрик менамоям. Бигзор, аз меҳри гарми рӯзномаи писандидаамон ҳама баҳраманд гарданд.

Фарзона ҲАМИДОВА,
омӯзгори мактаби миёнаи таълими умумии ихтисосонидашудаи рақами 33-и ноҳияи Самарқанд.