Яке аз ҳолатҳои маъмули ҷомеаи имрӯза он аст, ки фарзанди ягона бо муҳаббати беш аз ҳад эрка мешавад ва дар натиҷа ба шахси барои ҷомеа бегона, бемасъулият ва баъзан ҳатто бадсиришт мубаддал мегардад. Ин ҳолат танҳо як мушкили оилавӣ нест, балки масъалаи дардноки иҷтимоист. Фарзанди ягона, одатан, тамоми муҳаббат, таваҷҷуҳ, орзуҳо ва ҳатто маънии зиндагии падару модарро дар худ ҷамъ мекунад. Ин — табиист. Аммо вақте ин муҳаббат кӯр, беандоза ва беназорат мегардад, барои кӯдак ин неъмат не, балки бори гарон мешавад.
Фарзандро бо чунин ҷумлаҳо парвариш кардан: “Ту беҳтаринӣ, касе ҳақ надорад туро ранҷонад, ҳама чиз бояд атрофи ту давр занад” — дар зеҳни ӯ ҳисси нодида гирифтани ҳақу ҳуқуқи дигарон, маркази олам шумурдани худ ва беэътиноӣ нисбати дигаронро шакл медиҳад.
Ин гуна фарзандон ба чӣ табдил меёбанд? Ба одамоне, ки тарбияро зарур намешуморанд, худро ҳамеша ҳақ ба ҷониб медонанд, меъёрҳои иҷтимоиро рад мекунанд! Онҳо метавонанд шахсоне гарданд, ки на бо муҳаббат, балки бо зӯрӣ ва бартарӣ зиндагӣ мекунанд, ба дарди дигарон бетафовут, зидди қонун амалкунанда ва ҳатто нисбати волидони худ бераҳм мешаванд.
Падару модаре, ки фарзандашро «ягона» меҳисобад, баъзан огоҳ намешавад, ки метавонад шахси хатарнокеро барои ҷомеа тарбия намояд. Ин мушкил хатари бузургеро ба ҷомеа таҳдид мекунад. Ҷавононе, ки ба «синдроми фарзанди ягона» гирифторанд, бештар барои корҳои дастаҷамъона муносиб нестанд, барои манфиати шахсии худ дигаронро поймол мекунанд, ҳар гуна интиқодро ҳамчун душманӣ қабул менамоянд. Бадтар аз ҳама, дар мавқеи роҳбарӣ ба зӯроварӣ ва дар муҳити оилавӣ ба зӯрангӣ (ҳатто педофилия) майл пайдо мекунанд.
Ин ҳама решаи ҷомеаи солимро зери хатар мегузорад. Пешгирӣ ва бартараф кардани ин хатар танҳо вазифаи падару модар нест, балки масъулияти умумии ҷомеа мебошад. Муҳаббат бояд шартӣ бошад: фарзанд барои корҳои нек ташвиқ карда шавад, барои хатоҳо бошад, масъулият эҳсос намояд. Ӯ бояд омӯзад, ки “фарзанди ман” будан маънои озодӣ аз ҷавобгарӣ дорад.
Фарзанд, ҳарчанд ягона бошад ҳам, бояд ба масъулият, меҳнат, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва ахлоқи ҷамъиятӣ одат кунад. Ӯ набояд ҳар чӣ хоҳад, ҳамон замон ба даст орад бояд бифаҳмад, ки барои ҳар хоҳиш кӯшиш лозим аст.
Муҳити иҷтимоӣ барои кӯдак муҳим аст: фарзанд бояд ҳамеша дар муошират бо дигарон, дар муҳити ҳамсолона бошад. Дар ниҳоят, фарзандро дӯст доштан маънои ҳамеша розӣ кардан нест. Муҳаббати воқеӣ дар он аст, ки ӯ ба шахси солим, ахлоқӣ ва иҷтимоии комил табдил ёбад. Дар акси ҳол, ин муҳаббат зери худ як «бадӣ»-ро мепарварад.
Бахтиёр АҲТАМОВ, донишҷӯи Донишкадаи тадбиркорӣ ва педагогии Денов
