Ovozi.uz

Имсол интихоботро бо назардошти тағйирот дар қонунгузорӣ мегузаронанд

Сессияи Шӯрои вилоят

Рӯзи 31-уми июли соли равон сессияи навбатии яксаду якуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э.Турдимов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал рӯзнома, тартиби кор ва котиби сессияро тасдиқ намуданд.
Маълум аст, ки рӯзи 27-уми октябри соли 2024 интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мешаванд. Интихоботи имсола бо назардошти чанд тағйироте, ки дар мамлакатамон ба қонунгузории интихобот дохил карда шудаанд, гузаронда мешавад.
Ба ҳамин муносибат дар сессия аввал масъалаҳои муайян намудани шумораи ҷойҳои депутатӣ дар Шӯрои вилояти Самарқанд ва дохил намудани тақдимнома ба Комиссияи Марказии интихобот роҷеъ ба ташкили ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ барои гузарондани интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.
Мувофиқи моддаи 88-уми Кодекси интихобот шумораи ҷойҳои депутатӣ дар Шӯроҳои намояндагони халқи вилоятҳо ва шаҳри Тошкандро шӯроҳои дахлдори маҳаллӣ аз рӯи шумораи аҳолӣ муайян мекунанд, — гуфт роҷеъ ба ин масъалаҳо намояндаи халқ Ш.Ҷӯрақулов ҳангоми суханрони худ. – Агар дар минтақа шумораи аҳолӣ то ду миллион нафар бошад, аз сӣ то чил, аз ду миллион то се миллион – аз чил то панҷоҳ ва беш аз се миллион нафар бошад, аз панҷоҳ то шаст ҷойи депутатӣ пешбинӣ шудааст. Бар асоси ин қоида шумораи ҷои депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд бояд 60-то муайян карда шавад.
Акнун интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис бар асоси сохтори маҷоритарӣ – пропорсионалӣ гузаронда мешавад. Яъне, ҳафтоду панҷ нафари депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ аз ҳавзаҳои якмандатаи интихоботӣ, ҳафтоду панҷ нафари онҳо бар асоси рӯйхати ҳизб аз рӯи ҳавзаи ягонаи интихоботӣ ба таври мутаносиб ба овозҳое, ки ба ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, интихоб карда мешавад. Бинобар ин қарор карда шуд, ки барои дар вилоят гузарондани интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ба Комиссияи Марказии интихобот роҷеъ ба ташкил кардани 8-то ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ тақдимнома пешниҳод карда шавад.
Сипас дар сессия ҷонишини якуми Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят О.Оқбӯтаев дар бораи иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда (прогноз)-и даромадҳои буҷети давлат ва маҳаллӣ дар нимаи аввали соли 2024 ҳисобот дод.
Қайд гардид, ки қисми хароҷоти буҷети маҳаллии вилоят дар ним сол 92,5 дарсад иҷро шуда, 3 триллиону 569,6 миллиард сӯмина хароҷот амалӣ гардидааст. Нақшаи умумии даромадҳо 2 триллиону 275,3 миллиард сӯмро ташкил намуда, 49,5 миллиард сӯм барзиёд иҷро шудааст.
Андози даромад, ки аз шахсони ҷисмонӣ гирифта мешавад, андози замин ва мулк, нақшаи пардохти андози аксизро барзиёд иҷро кардаанд, вале нақшаи андози фоидаи шахсони юридикӣ, андоз барои истифода аз захира (ресурс)-ҳои об ва пардохтҳои ғайра иҷро нашудаанд.
Пардохтҳо ба буҷети маҳаллӣ нисбати ҳамин даври соли гузашта 119 дарсадро ташкил кардааст.
Дар сессия мудири Қабулхонаи халқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилоят М.Турдиев роҷеъ ба ҳолати кор бо муроҷиат ва муаммоҳои аҳолӣ ахбор дод.

  • Дар нимаи аввали сол аз аҳолии вилоятамон ба Қабулхонаҳои виртуалӣ ва халқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон наздик ба 68,8 ҳазор муроҷиат шудааст, ки ин нисбати ҳамин даври соли гузашта ба 13 дарсад зиёд мебошад, — гуфт М.Турдиев. – 81 дарсади муроҷиатҳо қонеъ гардонида шуданд, 212-тоашро баррасӣ накардаанд.
    Муроҷиати аз ҳама бисёр аз шаҳри Самарқанд (10025-то), ноҳияҳои Пастдарғам (8072-то), Ургут (5934-то), Пахтачи (5337-то) ва Пайариқ (5288-то) шудааст. Дараҷаи ҳалли мусбии масъалаҳо ва розӣ шудани шаҳрвандон аз ҳалли муроҷиат аз ҳама беш дар ноҳияҳои Самарқанд (29,5 дарсад), Тайлоқ (34 дарсад), Пастдарғам (34 дарсад) ва шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон (34 дарсадӣ) паст мебошанд.
    Муроҷиати аз ҳама бисёр дар байни соҳаҳо бо кори иҷро, ситондани алимент ва қарз, таъминот бо қувваи электр ва газ, нафақа ва таъминоти иҷтимоӣ, додани хабар дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ вобаста шуд.
  • Дар моҳи январ ва феврали соли равон дар ҷумҳурӣ муроҷиатҳо роҷеъ ба таъминоти қувваи электр аз ҳама беш аз вилояти Самарқанд омадааст.
  • Дар бораи массъалаи навбатии рӯзномаи сессия – роҳандозӣ кардани манбаъҳои барқароркунандаи энергия ва технологияҳои сарфакунандаи энергия раиси ҶС «Самарқанд ҳудудий электр тармоқлари» У.Назаров ҳисобот дод.
  • Дар соли 2024 дар вилоятамон истеъмоли 6,9 миллиард кВт/соат қувваи барқ дар нақша аст, — гуфт У.Назаров. – Ин аз ҳисоби гузоштани фотопанелҳои офтобӣ ва гелиоколлекторҳо дар хонадонҳои аҳолӣ, субъектҳои тадбиркорӣ ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, дар 4286-то корхона гузоштани дастгоҳҳо, ки товон (компенсатсия)-и қувваи реактивиро медиҳанд, тармим ва таъмири 1197-то пункти трансформаторҳо ва 3004 километр шабакаҳои электрӣ, иваз намудани 14320-то чароғҳои электрии кӯчаҳо ба чароғҳои панелии аккумуляторӣ – офтобӣ ва замонавии сарфакунандаи электр амалӣ карда мешаванд. Инчунин, аз ҳисоби сохтмони стансияҳои фотоэлектрии офтобии 220 мВт. дар ноҳияи Каттақӯрғон ва 100 мВт. дар ноҳияи Нуробод, аз тарафи каскади стансияҳои обии электрии (СОЭ-ГЭС) Самарқанд дар ноҳияи Тайлоқ бунёд намудани мини СОЭ 390 миллион кВт. соат қувваи электр сарфа карда мешавад.
    Намояндагони халқ дар бораи ба сармоягузори турк Али Баклан додани мақоми «Шаҳрванди фахрӣ» қарор қабул карданд.
    Вай барои дар солҳои 2019-2024 аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Alihan Organic Agro LLC» дар маҳаллаи Чиммоси ноҳияи Қӯшработ азхуд кардани 3,1 миллион доллари ИМА маблағҳои сармоягузории бевоситаи хориҷӣ сазовори мақоми мазкур шудааст.
    Дар сессия, инчунин масъалаҳои андози молу мулки шахсони юридикӣ, дар бораи боздоштани (қисм-қисм додан)-и андози замин ва андоз барои истифода аз захираҳои об, барҳам додани минтақаҳои хурди саноатии бесамар дар шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон, ноҳияҳои Ҷомбой, Оқдарё, Пастдарғам, Булунғур, Пайариқ, Пахтачи, Самарқанд, Қӯшработ, Ургут, Тайлоқ ва Нуробод, тасдиқ кардани «Харитаи роҳ» роҷеъ ба чораҳои иловагии боз ҳам такмил додани корҳо оиди сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳои автомобилии вилоят, таъминоти оби ошомиданӣ ва сохтори оби партов, таъминот бо қувваи электр, сохтмону тармим ва таъмири объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, амалӣ намудани чораҳо роҷеъ ба ривоҷдиҳии иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияҳои Пастдарғам ва Иштихон, боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ ва ғайраро баррасӣ намуданд.
    Дар сессия роҷеъ ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳо қабул карда шуданд.