Дар ҳокимияти вилоят байни ҳокими вилоят Э.Турдимов ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Моҳинур Ислом вохӯрии самимона баргузор гардид. Дар давоми мулоқот масъалаи таҳкими рушди ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо истиқболнокии васеъ гардонидани ҳамкориҳои минтақавии соҳаи сайёҳӣ, хоҷагии қишлоқ, фармасевтика, бофандагиро дида баромаданд. Дар натиҷаи музокираҳо, ташаббусҳои нави ҳамкориҳои серқирраи ҷонибҳо ва оиди рушди соҳаҳо ба созиш омаданд.
Вохӯрии ҳокими вилоят бо сафири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш
