Дар Мусобиқаи якуми ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия оғоз ёфт ва то 11 март идома меёбад, дастаи мунтахаби Ӯзбекистон оид ба бокс иштирок менамояд.
Дар сабқатҳо 632 варзишгар (399 мард ва 233 зан) аз 112 давлат иштирок доранд. Дар мусобиқа ба Олимпиадаи Париж 49 роҳхат аз рӯи 13 вазн (7 вазн байни мардон – 28 роҳхат, 6 вазн байни занон – 21 роҳхат) дода мешавад. Аз ҷумла, дар ҳамаи вазнҳо варзишгароне, ки то нимфинал мерасанд – 4 роҳхат дар ҳар вазн, ба истиснои вазни 57 кг (2 роҳхат) ва 60 кг (3 роҳхат) байни занон соҳиби роҳхат ба Париж мешаванд.
Имрӯз дар ин мусобиқот аз тими мунтахаби Ӯзбекистон танҳо як муштзан — Тӯрабек Ҳабибуллоев ширкат хоҳад кард. Вай бо муштзани маъруфи Урдун Ҳусейн Иашиш ба ринг мебарояд.
-80 кг: Тӯрабек Ҳабибуллоев — Ҳусейн Иашиш (Иордания).
Баргузории даври дуюм ва охирини мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ моҳи май дар шаҳри Бангкоки Тайиланд дар назар аст.
