Ovozi.uz

Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дастаи мунтахаби Таиландро шикаст дод

Дар мамлакати Қатар бозиҳои Ҷоми Осиё аз рӯйи футбол идома дорад.
Дар он 26 даста барои чемпионӣ қувва меозмояд.
Ҳоло бозиҳои финали 1/8 мегузаранд. Имрӯз дар финали 1/8 дастаи миллии Ӯзбекистон бо дастаи миллии Таиланд қувва озмуд. Дар қисми аввали бозӣ Азизбек Турғунбоев ба дарвозаи рақиб тӯб даровард ва ҳисоб 1:0 қайд гардид. Дар аввали қисми дуюми вохӯрӣ футболбози Таиланд ба дарвозаи Ӯзбекистон тӯб дароварда ҳисобро мусовӣ кард: 1:1. Сипас, Аббосбек Файзуллоев ба дарвозаи Таиланд тӯб дароварда, ҳисобро 2:1 кард. Бозӣ ба ҳисоби 2:1 поён ёфт ва дастаи миллии Ӯзбекистон ба финали ¼ баромад. Тими миллиамон дар чорякфинал бо тими миллии Қатар ба майдон мебарояд.

Ҷ.АСРОР.