Ovozi.uz

Маросими қуръакашии чемпионати ҷаҳон дар Регистон баргузор мегардад

Мувофиқи қарори ФИФА чемпионати имсолаи ҷаҳон оид ба футзал дар кишвари мо баргузор мешавад. Дар он 24 дастаи пурқувваттарини ҷаҳон иштирок мекунанд. Аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли равон дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро гузаронидани мусобиқа ба нақша гирифта шудааст. Барои тамошои ин мусобиқаҳо ташрифи беш аз 30 000 мухлис дар назар аст.
Рӯзи 26-уми май дар майдони Регистони шаҳри Самарқанд маросими қуръакашии бозиҳои чемпионат гузаронида мешавад. Дар чорабинӣ масъулони ФИФА, Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, мураббиёни ва мутасаддиёни 24 тими миллии футзал иштирок хоҳанд кард.
Дирӯз, вақте ба Сарвари кишварамон дар бораи нақшаҳои рушди таълими варзишӣ ва баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ маълумот доданд, масъалаҳои омодагӣ ба чемпионати мазкур низ мавриди эътибор қарор гирифт. Президент вазифаҳои дар сатҳи баланд гузаронидани чемпионат ва чорабиниҳои доираи онро муайян намуд.
Ҳоло дар Самарқанд марҳилаи охирини омодагӣ ба маросими қуръакашӣ ҷараён дорад.
– Омодагӣ ба ин маросим пештар сар шуда буд, — гуфт сарвари Садорати варзиши вилоят Шӯҳрат Рӯзиев. – Дар оғози моҳи апрел ҳайати намояндагон таҳти сарварии ёрдамчии Президенти ФИФА оид ба футзал, сарвари шӯъбаи гузаронидани мусобиқаҳои ФИФА Ҳаиме Ярза ба Самарқанд омада, ҳамроҳи вазири варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Икромов витсе-президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Равшан Эрматов ва дигар шахсони расмӣ масъалаи омодагӣ ба маросими қуръакаширо баррасӣ карданд. Штаби алоҳида ташкил гардида, корҳои тайёрӣ мутобиқ карда шуд. Ҳоло намояндагони ФИФА дар Самарқанд қарор доранд ва имрӯз меҳмонони дигар низ ба шаҳрамон меоянд.
Маросими қуръакашӣ ба беш аз 200 кишвари ҷаҳон мустақиман пахш мешавад. Барои ин дар майдони Регистон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.