Ovozi.uz

Ҳамкории ходимони ВАО вусъат меёбад

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки журналистон ва котибони матбуоти ташкилоту корхонаҳо семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинарро директори телерадиокомпанияи вилояти Самарқанд Мирзо Ихтиёров ва сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник», сенатор Фармон Тошев ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба мавзӯи семинар ва муносибату ҳамкориҳои ходимони васоити ахбори оммавӣ, бурду бохти соҳаи журналистика ҳарф заданд.
— Мақсад аз баргузории ин семинар инкишоф додани салоҳият ва зиёд намудани таҷрибаи журналистии ходимони васоити ахбори оммавӣ, аз ҷумла котибони матбуоти корхонаву ташкилотҳо мебошад, — гуфт сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ўзбекистон Акрам Ҳайдаров зимни суханронии худ. — Ғайр аз ин, ба туфайли чунин ҷамъомадҳо журналистон, рӯзноманигорон, блогерон, котибони матбуот ва дигар шахсоне, ки оид ба расонидани ахбор фаъолият доранд, метавонанд бо ҳам мубодилаи афкор карда, таҷрибаҳои ҳамдигарро омӯзанд ва байни ҳамдигар муносибатҳои ҳамкориро ба роҳ монда, барои зудтару осонтар дастрас кардани маълумот ба ҳамдигар ёрӣ диҳанд.
Сипас, маърузаи сармутахассиси Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят Роҳила Очилова низ шунида шуд, ки ба камбудиҳову хатоҳои фаъолияти котибони матбуоти ҳокимиятҳо ва корхонаву ташкилотҳо бахшида шуда буд.
Дар давом сарвари Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилояти Самарқанд Манноб Ибодуллоев, оператори АОКА дар ҷумҳурӣ Мурод Файзиев, ки тариқи ZOOM иштирок кард ва мухбири рӯзномаи «Самарқанд»-и шаҳр Муҳриддин Куракбоевҳо оид ба монтажи видеонавору аксҳо ва тарзи дурусти наворбардориву аксбардорӣ ба ҳозирин дарс гузаштанд.
— Зимни иштирок дар ин семинар бисёр ҷиҳатҳои зарурии гирифтан ва расонидани ахборро омӯхтам, — гуфт Бахтигул Пардаева, сармутахассиси садорати мероси фарҳангии вилояти Самарқанд. — Хусусан, тарзи монтаж кардани видеороликҳоро намедонистам. Бо устодон мулоқот карда, аз раҳнамоиву маслиҳатҳои муфиди онҳо бархурдор шудем. Инчунин, бо ҳамкасбони худ таҷриба иваз намудем.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ