Ovozi.uz

Андешидани чораҳои қатъӣ нисбати қонунвайронкунӣ ҳатмӣ аст

Рӯзи 22‑юми майи соли равон сессияи ғайринавбатии навадунӯҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия мудири котибияти Шӯро С. Усмонов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ карданд. Дар сессия масъалаи тавсия намудани номзадҳо ба ҳайати комиссияи интихоботии ҳудудии вилоят низ баррасӣ гардид.
Маълум аст, ки соли равон ваколати депутатҳои парламент ва шӯроҳои маҳаллӣ ба охир мерасад ва барои панҷ соли оянда интихоботи намояндагони халқ гузаронда мешавад. Бар асоси кодекси интихобот номзадҳо ба аъзои комиссияҳои интихоботии ҳудудӣ дар маҷлисҳои Шӯроҳои намояндагони халқи вилоятҳо ва шаҳри Тошканд муҳокима гардида, барои тасдиқ ба Комиссияи Марказии интихобот тавсия карда мешаванд.
Комиссияи Марказии интихобот камаш ҳаштод рӯз пеш аз интихобот комиссияҳои ҳудудии интихоботро дар ҳайати иборат аз раис, ҷонишини раис, котиб ва дувоздаҳ-­ҳаждаҳ нафар аъзои дигар ташкил мекунад.
Ба комиссияи ҳудудии интихоботи вилояти Самарқанд 21 нафар номзад, аз ҷумла ба раисии комиссия Хӯҷақул Муҳаммадиев тавсия карда шуданд.
Сипас, ҳисоботи роҳбарони секторҳои вилоят роҷеъ ба таъмини шуғли аҳолӣ, аз дараҷаи камбағалӣ баровардани оилаҳои камтаъмин, дастгирии шаҳрвандоне, ки дар хориҷаанд, роҳандозӣ намудани «Таҷрибаи Сайҳунобод», ташкили босамари фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла», бартараф намудани омилҳое, ки ба кайфияти аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд, шунида шуданд.
Аз сабаби дар сафари хизматӣ будани ҳокими вилоят, ҷонишини ҳокими вилоят Р. Қобилов роҷеъ ба корҳое, ки дар сектори якум амалӣ шудаанд, ҳисобот дод.
Қайд гардид, ки дар шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои Нарпай, Пахтачӣ ва Каттақӯрғон, ки дар ҳудуди сектори якум мебошанд, дар мисоли «Таҷрибаи ноҳияҳои Сайҳунобод ва Уйчӣ» роҷеъ ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ба воситаи зиёд кардани даромади аҳолӣ, инчунин ҳал кардани муаммоҳое, ки дар вохӯриҳои масъулони бонк бо мизоҷон ба миён гузошта шудаанд, корҳои сохторӣ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар даври ҳисобот дар сектор ба бизнес ҷалб кардани 21,8 ҳазор нафар аҳолиро ба нақша гирифта, дар амал бизнесро ба 33,1 ҳазор нафар аҳолӣ омӯзонданд.
Мувофиқи ҳисоботи прокурори вилоят М. Эшназаров, дар шаҳри Каттақӯрғон ва ноҳияҳои Иштихон, Пайариқ ва Қӯшработи сектори дуюм мутобиқан 249, 434, 430 ва 231‑то хонадонро омӯхта, ба онҳо барои хариди асбобу ускуна, ташкили гармхона, шуғл бо паррандапарварӣ, харидани тухмӣ барои кишт дар замини наздиҳавлигӣ беш аз 590 миллион сӯмина субсидия дода, шуғли аҳолиро таъмин намуданд.
Сардори Садорати корҳои дохилии вилоят Р. Маматов таъкид кард, ки дар ноҳияҳои Нуробод, Пастдарғам, Ургут ва Самарқанд мутобиқан 8, 10, 4 ва 7‑то хонадонро интихоб намуда, дар 823 хол заминҳои наздиҳавлигии онҳо «Таҷрибаи Сайҳунобод» роҳандозӣ карда мешавад. Ба ин хонадонҳо агрономҳоро вобаста карданд, ки онҳо дар парвариши зироат ба аҳолӣ маслиҳат медиҳанд.
Дар қабулҳои сайёр, ки дар чоряки якум дар ҳудуди сектор гузаронда шуданд, 2013 нафар шаҳрванд роҷеъ ба 2117 масъала муроҷиат кардааст. 1087‑тои муроҷиатҳои мазкур ба таври мусбӣ ҳал гардиданд, роҷеъ ба 488 масъала маслиҳати ҳуқуқӣ дода шудааст ва 540‑тои онҳоро ба идораҳои ваколатдор фиристодаанд.
— Дар чоряки якуми соли равон дар ноҳияҳои Оқдарё, Тайлоқ, Ҷомбой ва Булунғури сектори чорум барои ба бизнес ҷалб кардани аҳолӣ, ба сектори расмӣ гузарондани соҳибкороне, ки ба таври ғайрирасмӣ фаъолият пеш мебаранд, 33 субъекти тадбиркории тартиби якка ташкил карда шуд, — гуфт роҳбари сектори чорум, сарвари садорати андози вилоят Э. Толлиев. — 367 нафар шахси бекорро ба сифати шахси худро бо шуғл таъминнамуда аз рӯйхат гузаронданд. Аз ҳисоби шаффоф (легалӣ) кардани фаъолияти 377 нафар шахс, ки дар субъектҳои хоҷагидорӣ ба таври ғайрирасмӣ кор мекарданд, онҳоро бо кори доимӣ таъмин намуданд. Дар маҳалла дар натиҷаи амалӣ намудани лоиҳаҳои хурд 17 муаммо ҳал гардид. Аз додани кредитҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ (дар доираи барномаҳо) 768 лоиҳа амалӣ карда шуд.
Дар сессия ҷонишини прокурори вилояти Самарқанд Д. Саидқулов мувофиқи рӯзномаи сессия роҷеъ ба иҷрои қарори роҳбари давлатамон аз 10‑уми декабри соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагии пурзӯр кардани назорати иҷрои барномаи ривоҷдиҳии инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин барномаҳои дигари давлатӣ» ҳисобот дод.
Дар ҳисобот оварда шуд, ки барои корҳои сохтмонӣ — таъмирӣ, ки дар доираи барномаҳои давлатии соли равон дар вилоятамон амалӣ карда мешаванд, аз буҷет 1,6 триллион сӯм ҷудо кардаанд. Ба ивази он иҷрои корҳо дар 233 объект ба нақша гирифта шуда, то имрӯз барои 232 объект ҳуҷҷатҳои лоиҳа-­сметавӣ таҳия ва дар 50‑тои онҳо корҳои сохтмону таъмир оғоз гардиданд.
— Сад афсус, ки дар таъмини иҷрои барнома ба таври кифоя фидокорона фаъолият пеш набурдани масъулон ва бо кайфияти лоқайдона кор кардани онҳо мушоҳида мешавад, — гуфт Д. Саидқулов. — Аз ҷумла, дар 138 объект пудратчӣ интихоб ва корҳо оғоз нашудаанд. Агарчи дар мавсими дуюми лоиҳаи «Буҷети боташаббус» барои соли 2023 дар 91 объект корҳои сохтмонӣ — таъмирӣ ба анҷом расидаанд. 22‑тои онҳоро барои истифода қабул накарданд. Дар ҷараёни корҳо роҷеъ бо пешгирии фаъолияти ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо, ки мумкин дар соҳаи сохтмон содир карда шаванд, асоснок будани ҳар як лоиҳаро омӯхта, дар 199 ҳолат ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ 143 миллиард сӯмина маблағ, ки барзиёд ё ки бе зарурият дохил карда шудаанд, мақбул гардонида шуданд.
Дар давоми корҳои сохтмонӣ — монтажӣ, ки ҶММ «Qobil Quruvchi Servis» дар доираи барномаи «Қишлоқи обод» дар мактаби рақами 21‑и ноҳияи Пастдарғам амалӣ кард, 587,2 миллион сӯмина маблағро ­тороҷ кардаанд. Аз рӯи ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ кушода, бо ҳукми суд нисбати шахсони айбдор муқаррарии ҷазоро таъмин кардаанд ва зарари расонидаро пурра ситониданд.
Намояндагони халқ дар рафти муҳокимаи масъалаи мазкур роҷеъ ба дидани чораҳои қатъӣ нисбати қонунвайронкуниҳо дар сохтмон, даровардани тағйироти зарурӣ ба қонунгузорӣ якчанд пешниҳод баён карданд.
Дар сессия масъалаҳои тасдиқ кардани хати маъмурӣ — ҳудудии вилояти Самарқанд бо вилоятҳои Ҷиззах, Навоӣ ва Қашқадарё, тасдиқ кардани «Харитаи роҳ» роҷеъ ба истифодаи босамар ва саривақтии дар доираи лоиҳаи «Ривоҷдиҳии комплексии ҷойҳои деҳот» (зинаи дуюм)-и байни Ҷумҳурии Ӯзбекистону Бонки тараққиёти ислом ва ғайра баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.