Варзиш
Дар шаҳри Одивелаши Португалия аз рӯйи намуди дзюдои варзиш мусобиқаи Гран-При – и аввалини сол ба поён расид. Дар он дзюдочиёни ӯзбекистонӣ 3-то медал ҷамъ карда, ба ҳисоби умумиҷамоавӣ ҷойи дуюмро ба даст оварданд.
Дар мусобиқа дар байни мардон Дилшод Баратов (дар тоифаи вазни 60 килограмм) соҳиби медали тилло, дар қувваозмоиҳои байни бонувон Диёра Келдиёрова (вазни 52 кг) соҳиби медали тилло ва Гулноза Матниёзова (вазни 70 кг) соҳиби медали нуқра гардиданд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар мусобиқа варзишгарони 90 мамлакат иштирок карданд. Дастаи Япония ба ҳисоби умумиҷамоавӣ ҷойи якумро ишғол кард.
Дзюдочиёни ӯзбекистонӣ дар мусобиқаи “Дубулғаи калон”, ки рӯзҳои 2-4-уми феврал дар пойтахти Франсия-Париж мегузарад, иштирок мекунанд. Ҳоло барои иштирок ба мусобиқаи мазкур аз 111 мамлакат 667 нафар дзюдочӣ аз рӯйхат гузаштаанд.
Дзюдочиёни ӯзбекистонӣ ҷойи дуюмро гирифтанд
