Ovozi.uz

Корхонаи муштарак ба фаъолият шурӯъ кард

Корхонаи мазкур дар мавзеи «Сазаған»-и минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» ҷойгир аст.
Арзиши лоиҳавии корхона 31 миллион доллар буда, корҳои сохтмону васлкунӣ соли 2018 оғоз гардидаанд. Барои сохтмони завод аз мавзеи «Сазаған»-и ноҳияи Нуробод 5,3 гектар замин ҷудо карда, тамоми сехҳои истеҳсолии комбинат ва дигар биноҳои маъмурию ёрирасон сохта шуданд.
Дар корхона қариб 50 хел воситаҳои ҳозиразамони муҳофизати растаниҳо, ки олимону мутахассисони ҶС «Шёлково агрохим» офаридаанд, бо компонентҳои тамоман нав, шаклу намуди ба худ хос, ки Комиссияи давлатии кимиёвӣ барои истифода дар зироатҳои хоҷагии қишлоқи мамлакатамон маъқул донистааст, истеҳсол карда мешавад. Дар ин ҷо 100 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.
Корхона дар соли аввали фаъолият 20 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол карда, 20 фоизи он соридот мешавад. Дар назар аст, ки маҳсулот ба бозорҳои Туркия, Миср, Эрон, Алҷазоир, Марокаш, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ расонида шаванд.
То имрӯз дар Ӯзбекистон ва кишварҳои ҳамсоя муқобили чунин маҳсулоти инноватсионӣ вуҷуд надошт. Муҳофизати на танҳо зироатҳои кишоварзӣ, балки аз алаф то дарахтоне, ки гирду атрофи моро сабзу хуррам мегардонанд, вазифаи бузурги соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо мебошад. Ба кор даромадани объекти калони мазкур нуран аъло нур шуд. Дар оянда ин корхона бо истеҳсоли воситаҳои муҳофизати растанӣ аз касалӣ ва ҳашароти зараррасон кори фермеру деҳқонони моро сабук мекунад.
Инчунин, дар назди корхона лабораторияи бо нанотехнологияҳои замонавӣ таҷҳизонида бунёд гардида, дар ин ҷо барои донишҷӯён, аспирантҳо, муҳаққиқон ва докторантони мактабҳои олии вилоятамон, ки оид ба ҳифзи растанӣ, агротехнология ва бехатарии ғизоӣ таҷрибаҳои гуногун ва тадқиқоти илмӣ мегузаронанд, шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дарсҳои амалӣ бо профессорону омӯзгорони донишгоҳҳои пешсафи Федератсияи Россия, ки бо масъалаҳои ҳифзи кимиёвии растаниҳо машғуланд, дар шакли онлайн ташкил карда мешаванд.

Хидмати матбуоти Садорати карантин ва муҳофизати растаниҳои вилоят.