Ovozi.uz

Таваҷҷӯҳи чиниҳо ба Самарқанд бештар мешавад

Дар 10 ҳазор метри мураббаъ майдони шаҳри Урумчии ноҳияи худмухтори Шинҷон-­Уйғури Ҷумҳурии халқии Чин, ки барои павилони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст, макети ансамбли Регистон барпо гардид. Боғи Ӯзбекистон, ки дар ин майдон воқеъ аст, ба рамзи дӯстии Ӯзбекистону Чин табдил ёфт.
Ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов дар ин шаҳр дар доираи чорабиниҳо, форумҳои тиҷоратӣ ва вохӯриҳое, ки ба мустаҳкам кардани салоҳияти сармоявӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сайёҳии Ӯзбекистон ва Чин нигаронида шудаанд, бо ҷонишини губернатори провинсияи Фудзиян Ван Ҷин Фу вохӯрд. Роҳбарони ҳар ду тараф таъкид карданд, ки ҳамкории байниҳами дигарии онҳо талаби давр аст.
— Ҳоло Ӯзбекистон ба туфайли ислоҳотҳои васеъмиқёс барои ширкатҳои чиние, ки ҳуқуқҳояшон бо қонун ҳимоя карда шуданд, ба бозори ҷозибадор табдил ёфт, — гуфт Ван Ҷин Фу.
Сармоягузорони провинсияи Фудзиян ба Самарқанд ҳамчун шаҳри таърихӣ мароқ зоҳир мекунанд. Рӯзҳои наздик ҳайати намояндагони аз соҳибкорон иборат бо сарварии мэри шаҳр ба Самарқанд ташриф оварда, бо салоҳияти ҳозираи сармоявии он шинос мешаванд.
Ҳокими вилоят Э. Турдимов бо вакилони палатаи савдову саноати Ҷинсу-надонги Урумчӣ низ мулоқот кард. Дар онҳо ривоҷ додани соҳаҳои паррандапарварӣ, бинокорӣ ва текстил мавриди муҳокима қарор гирифт. Лоиҳаҳое, ки бояд дар моҳи март амалӣ карда шаванд, натиҷаи зиёд будани рағбат ба кӯҳандиёр аст.
Дар кишвари Чин вохӯриҳое, ки барои ҷалб кардани сармоя ба Самарқанд нигаронида шудаанд, идома дорад.
Муносибатҳои иқтисодӣ мустаҳкам мегарданд
Дирӯз дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Хитой форуми тиҷоратии тадбиркорони вилояти Самарқанд ва музофоти Шэнси гузаронида шуд.
Дар форум ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов барои истиқболи самимона миннатдорӣ баён карда, дар бораи густариши ҳамкориҳо ва аҳамияти онҳо ҳарф зад.
— Таърихи мамлакатҳои мо, таърихи шаҳрҳои Сиан ва Самарқанд гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамкориҳои мо асрҳои пеш дар «Роҳи бузурги абрешим» пайдо гардида, солҳо боз ривоҷ меёбад, — гуфт Э. Турдимов. — Созишномаи бародарии байни шаҳрҳои Самарқанд ва Сиан, ки соли 2013 ба имзо расид, заминаи ҳуқуқии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мо дар таърихи нав гардид.
Моҳи майи соли 2023 дар доираи Саммити нахустини «Осиёи Марказӣ — Хитой», ки дар шаҳри Сиан гузаронида шуд, вилояти Самарқанд ва музофоти Шэнси аз рӯйи васеъ намудани робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд, ки ин бар рушди муносибатҳои мо заминаи мусоид фароҳам овард.
Мақсади мо як аст — минбаъд инкишоф додани муносибатҳои иқтисодии байни минтақаҳо!
Дар доираи форуми тиҷоратӣ Э. Турдимов бо вакилони субъектҳои соҳибкории соҳаҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, сайёҳӣ, саноати бофандагӣ, кишоварзӣ ва ғайра мулоқот кард.
Инчунин, дар доираи ташриф вохӯриҳо бо губернатори музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Хитой Чжао Ган, роҳбари корпоратсияи иқтисодиёт ва тиҷорати хориҷии музофоти Шэнси Пэмг Лей, сарвари ширкати «Blue Carbon» Рен Хуей, роҳбарияти минтақаи озоди иқтисодии «Қашқар» ва дигарон баргузор гардиданд.