Ovozi.uz

Ифтихори сайқали рӯйи замин

Донишманди маъруф, донандаи чандин забонҳои ҷаҳон, ташкилотчии моҳир Юсуф Неъматович Абдуллоев 28‑уми январи соли 1947 дар оилаи зиёиёни машҳури Самарқанд — Неъмат Абдуллоев ва Масъуда Раҳматуллоева ба дунё омадааст. Ӯ аз овони кӯдакӣ ба қаламу китоб руҷӯи хоса пайдо карда, баъди бо медали тилло хатм кардани мактаби миёна, ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил мешавад.
Юсуфи ҷавон университетро низ бо дипломи сурх хатм карда, фаъолияти кории худро дар вазифаи ходими илмии Институти шарқшиносии Академики Фанҳои Ӯзбекистон давом медиҳад. Ба туфайли қобилияти хоси ташкилотчигӣ доштанаш ӯро мудири шӯъбаи Комитети Марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон таъин мекунанд. Ӯ чанд муддат дар Сафоратхонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон кор карда, қобилияти дипломатии худро намоиш медиҳад.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Ӯзбекистон Юсуф Абдуллоев нахустин Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Федератсияи Русия таъин мешавад. Баъд дар вазифаҳои ҷонишини аввали вазири таълими халқӣ, мудири шӯъбаи фан ва таълими Ҳукумати Ӯзбекистон фаъолият мебарад.
Юсуф Абдуллоев соли 1994 ректори Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд таъин мегардад. Ӯ дар ин ҷо бо қобилияти роҳбарӣ ва маърифатпарварии худ эътибори ин донишгоҳи навтаъсисро ба арсаи ҷаҳонӣ мерасонад. Дар ин ҷо факултет ва марказҳои омӯзиши забонҳои японӣ, корейсӣ, арабӣ, форсӣ, италянӣ ташкил карда мешавад. Ба туфайли даъват шудани устодони соҳибихтисос аз кишварҳои дигари олам дараҷаи забономӯзии донишҷӯён хеле баланд мегардад.
Номзади фанҳои таърих Юсуф Абдуллоев муддате дар университети Сеул кор карда, пайваста бо корҳои илмӣ шуғл меварзад ва рисолаи доктории худро ҳимоя ва соҳиби дараҷаи илмии доктори илми педагогика ва унвони профессорӣ мешавад.
Сатҳи баланди фарҳангдӯстӣ ва маърифатпарварии профессор Юсуф Абдуллоев ӯро водор менамояд, ки ба бунёди театри хоси миллии «Эл мероси» асос гузорад ва роҳбари он бошад.
Юсуф Абдуллоев бештари қувваи худро ба фаъолияти илмӣ ва педагогӣ бахшида, дар университетҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Англия, Италия, Финландия, Миср маърӯзаҳо хондааст. Ӯ професори Донишгоҳи миллии Чоннам(Chonnam National University)-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ аст. Юсуф Абдуллоев ҳамчун донишманди забондон ва педагоги соҳибунвон муаллифи беш аз 200 мақолаи илмӣ, чандин рисола ва китобҳои дарсӣ буда, узви ҳайати таҳририяи якчанд маҷаллаҳои илмӣ, узви Академияи илмии Ню Йорк, Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Россия, Академияи Байналхалқии эҷод мебошад.
Бо ташаббус ва роҳбарии Юсуф Абдуллоев, моҳи январи соли 2018, бо мақсади такмили дониш ва маҳорати кормандони Компанияҳои Байналхалқии «ERIELL», «Enter Engineering», «Sanoat Energetika Guruhi», Маркази таълими корпоративии «ERIELL prof education» кушода шуд. Дар асоси созишнома бо ин ширкати бонуфузи ИМА, ки дар Колорадо фаъолият дорад, қарор дода шуд, ки Донишгоҳи байналхалқии технологи Самарқанд таъсис дода шавад.
Соли гузашта ба ин донишгоҳи нав аввалин гурӯҳи донишҷён қабул карда шуданд. Таълим дар ин ҷо пурра ба забони англисӣ бурда шуда, барои ин аз якчанд университетҳои машҳури ҷаҳон устодон-донишмандони беҳтарин даъват шудаанд.
Бояд гуфт, ки гурӯҳи ИП ООО Sanoat Energetika (SEG) бо мақсади тезонидани инкишофи бахши энергетикии Ӯзбекистон тартиб дода шудааст. Вай ҳуқуқи коркарди 105 тавлидгоҳи нафти Ӯзбекистонро ба ӯҳда дорад ва бо «Газпром», Amec Foster Wheeler (Wood), Axens барин ширкатҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ менамояд. Мактаби кӯҳии Колорадо — ин университети давлатӣ буда, дар асоси фан ва техника барои таълим ва такмили дониши донишҷӯён бо мақсади ҳал намудани муаммоҳои ҷиддӣ, ки имрӯз инсоният ба он дучор мешавад ва он бо замин, энергия ва муҳити атроф вобаста аст, ихтисосонида шудааст.
Чуноне ки мебинед, ҳамкорони донишгоҳ ширкатҳои бузург ва бонуфузанд. Бо онҳо якҷоя кор кардан чандон осон нест. Лекин Юсуф Абдуллоев аз ӯҳдаи тамоми онҳо мебарояд.
Худи Юсуф Абдуллоев низ як дақиқа оромӣ надорад ва ҳамеша аз пайи ҷус­туҷӯйҳост. Ин хислат ба вай аз бобои модарӣ — машъалафрӯзи маърифатпарварони Самарқанд Исматулло Раҳматуллозода, ки барои рушди маърифати Самарқанд дар ибтидои асри ХХ хидматҳои арзанда кардааст ва амаки донишмандаш, академик аллома Воҳид Абдуллои Самарқандӣ ба ӯ мерос мондааст.
Пайваста бо забондонӣ, эҳтироми се вожа: Маърифат, Маданият, Маънавият дар замири ӯ мустаҳкам нақш бастааст.
Ба ин маънӣ, ӯ дар университети навбунёди замонавӣ, бо мақсади дур нашудани донишҷӯён аз забон, фарҳанг ва расму оини миллӣ Маркази забон ва фарҳанги миллиро ташкил карда, дар кори он ихтисосмандони соҳаи забону адабиёт ва фарҳанги миллиро ҷалб намудааст. Дар нақшаи кории марказ баробари такмили дониши шогирдон, ташкили ҳар гуна тадбирҳои фарҳангӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, дар ин ҷой вохӯрӣ бо шоири сезабона Исмат Кучиев, тақдимоти китоби «Энсиклопедияии хориҷии Самарқанд» ва ғайра хеле мутантан гузаронида шуд.
Самарқанд ва самарқандиҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи ин донишманди самарқандиюласланд. Ин аст, ки дар асоси лоиҳа-ғояи пешниҳодкардаи ӯ сохтмони бинои нави Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд тасдиқ шуда, тадбиркори маъруфи Самарқанд Бахтиёр Фозилов онро дар шафати Аэропорти байналхалқии Самарқанд (дар соҳили дарёи Зарафшон) бунёд карда истодааст.
Юсуф Абдуллоев марди бағоят серкор аст ва ба иҷрои ҳамаи корҳо вақт меёбад. Як рӯзи кории ӯро бе муболиға, ба меҳнати даҳрӯзаи дигарон баробар кардан мумкин аст: саҳарӣ ба университет омада, аз назар гузаронидани ҳамаи ҷабҳаҳо ба омодагии таҳсил; бо масъулони соҳаҳои таълим, тадқиқоти илмӣ, бо университетҳо ва компанияҳои хориҷӣ дар мулоқот шуда, ҳисоботи онҳоро шунидан ва супоришҳо додан; ба телефонҳои паёпай, ки аз Колорадо, Италия, Сеул, Япония, Тошканд оиди таълим, анҷуманҳои илмӣ гуфтугӯ кардан; бо хабарнигорони воситаҳои ахбори оммавӣ мусоҳиба намудан; дастаи нашрияҳои чопиро аз «Овози Самарқанд», «Зарафшон» сар карда, то «Янги Ӯзбекистон», «Халқ сӯзи», «Овози тоҷик» ва ғайра аз назар гузаронидан; дар ҳар яки онҳо оиди ин университет хабаре ё ягон мақолаи корманди ин даргоҳи таълимиро дида болидан; қабули устодон ва донишҷӯён бо масъалаҳои рӯзмарра; ба тадбири Ҷамъияти «афғонҳо» — ҳамсангарҳо иштирок кардан… боз чандин тадбиру даъватҳо.
Барои хидматҳои шоёнаш дар ҷодаи илму маърифат ва фарҳангу сиёсат, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқу миллатҳои ҷаҳон Юсуф Абдуллоев бо чандин ҷоизаю нишонҳо мукофотонида шудааст.
Меарзад, аз рўйи номинатсияи хидматҳояш дар рушди таълим, маърифат ва фарҳанг Юсуф Абдуллоев ба гирифтани ҷоизаҳои ҷаҳонӣ сарфароз гардонида шавад.
Имрӯз донишманди пуркор Юсуф Абдуллоев зодрӯз дорад!
Бигузор, фарзанди обрӯманди Самарқанд, ифтихори сайқали рӯи замин сад соли дигар зинда бошад!

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон