Ovozi.uz

Раванди инкишофёбии вилоят дар соли сипаришуда

Ислоҳоти навсозии иқтисодиёт, либерализатсияи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, демократикунонии давлату ҷомеа дар иқтисодиёти вилояти мо низ инъикоси худро ёфтааст.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Стратегияи рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2022–2026», таҳти рақами 60‑ум, пас аз таҳлили равандҳои мураккаби ҷаҳонӣ ва натиҷаҳои рушди кишварамон дар солҳои минбаъда, дар асоси тамоюли «Барои қадри инсон», боз ҳам баланд бардоштани некӯаҳволии халқи мо, соҳаҳои иқтисодиёт самтҳои афзалиятноки ислоҳот муайян гардидааст, ки он ба дигаргунсозӣ ва рушди босуръати тадбиркорӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ташаккули ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ нигаронида шудааст.
Аз нишондиҳандаҳои асосӣ аён мегардад, ки ислоҳоти соли гузашта амалишуда, воқеаҳои ҷамъиятию сиёсӣ, серталабӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои ба миён гузошташуда самараи баланд бахшиданд.
Аз ҷумла, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар соли 2023 бо нархҳои ҷорӣ 74,1 триллион сӯмро ташкил дода, нисбат ба соли 2022‑ум 5,6 дарсад афзуд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли гузашта дар соҳаи кишоварзӣ, ҷангал ва моҳипарварӣ 4,4 дарсад, дар саноат 5,8 дарсад, дар сохтмон 8,9 дарсад, дар савдо, манзил ва хизматрасонии хӯрокворӣ, нақлиёту анбор 12,1 дарсад, ахбор ва алоқа 12,1 дарсад ва дар дигар соҳаҳои хидматрасонӣ 3,0 дарсад афзоиш ёфт.
Дар давраи назоратшаванда саҳми кишоварзӣ, ҷангал ва моҳипарварӣ дар таркиби бахшҳои иқтисодӣ 39,6 дарсад, саҳми саноат 15,4 дарсад, сохтмон 5,8 дарсад ва бахши хизматрасонӣ 39,2 дарсадро ташкил дод.
Ин нишондодҳо натиҷаи ислоҳотест, ки ба боз ҳам баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти вилояти мо дар заминаи рушди устувор, босуръат ва мутаносиби иқтисодиёти он, амиқсозии тағйироти сохтории марбут ба диверсификатсияи бахшҳои асосӣ ва зиёд кардани иқтидори содиротӣ, навсозии соҳаҳои хоҷагӣ, маҷмӯъҳо ва корхонаҳо, навсозии техникӣ ва технологии истеҳсолот ифода меёбанд.
СОҲАИ САНОАТ
Тибқи маълумоти пешакии соли 2023, аз ҳисоби корхонаҳои саноатии вилояти мо 32,7 триллион сӯмина маҳсулот истеҳсол гардида, индекси физикии ҳаҷм назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 дарсад афзуд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки нисбат ба соли гузашта 6,5 дарсад афзудани ҳаҷми истеҳсоли корхонаҳои саноати коркард ва 28,3 дарсад зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли саноати кӯҳӣ ва истихроҷи маъдан омили асосии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мебошад.
Дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар саноати коркард нисбат ба соли 2022‑юм 14,1 дарсад, инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ нисбат ба соли 2022‑юм 10,1 дарсад афзуд.
Дар ноил шудан ба чунин суръати мусбати афзоиш дар соли 2023, мавқеи 1225 корхонаи саноатии навбунёдро бояд таъкид намуд.
Аз ҷумла, дар саноати хӯрокворӣ 325 корхонаи нави саноатӣ, дар саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ 183, дар саноати маъданҳои оинасозӣ 127, дар саноати мебелсозӣ 107 корхонаи нави саноатӣ ташкил карда шуд.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи ислоҳоти амиқи мунтазами сармоягузорӣ дар иқтисодиёт, таҷдид ва навсозии истеҳсолот, ислоҳоти бунёдӣ дар рушди тадбиркорӣ ба амал меояд.
Дар натиҷа, дар соли 2023 қариб нисфи ҳаҷми умумии сармоягузорӣ, яъне 47,4 дарсад ба рушд ва навсозии бахши саноат равона карда шудааст. Ин барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар вилояти мо хизмат мекунад.
Афзоиши пайвастаи маҷмӯи маҳсулоти ҳудудии минтақа на аз ҳисоби соҳаҳои анъанавии ашёи хом ва ё шароити мусоид дар бозори ҷаҳонӣ, гарон будани нархи баъзе ашёи хом ва мавод, балки баръакс, аз ҳисоби истеҳсоли босуръат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди афзалиятноки истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва соҳаҳои муосири хидматрасонӣ таъмин карда мешавад.
Хулоса, соҳаи истеҳсолоти саноатӣ ба координатсияи равандҳои интегратсияи иқтисодӣ ва таъмин намудани мувозинати байни соҳаҳои хоҷагӣ ёрӣ мерасонад.
ШАБАКАИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ, ҶАНГАЛ ВА МОҲИПАРВАРӢ
Дар вилоятамон ислоҳот ва дигаргуниҳои сохтории хоҷагии қишлоқ дар амал ифода ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол аз сол меафзояд.
Дар натиҷаи тадбирҳои мунтазами давлатӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани манфиати иқтисодии он, ҳаҷми умумии соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ дар охири соли 2023 ба 51,2 триллион сўм расида, нисбат ба соли 2022 ба 4,4 дарсад афзуд.
Бояд гуфт, ки дар бахши кишоварзӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани навоварӣ ва агротехнологияҳои пешқадам дар кластерҳои таъсисдода тағйироти сифатӣ ба даст оварда мешаванд.
Тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23‑юми ноябри соли 2021 таҳти рақами ҚП‑20, бо мақсади истифодаи самараноки замин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ ва бо кор таъмин намудани ҷавонон, барои ба деҳқонӣ машғул шудани шаҳрвандоне, ки ба «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон», «Дафтари ҷавонон» дохил шудаанд, аз 0,1 гектар то 1 гектар замин ҷудо карда мешавад.
Барои пурра инъикос намудани маълумот оид ба маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаҳои замини ба ин шаҳрвандон ба иҷора додашуда, дар ҳисоботи расмии оморӣ ҳисоботи семоҳаи дафтари 4‑ум ҷорӣ карда шуд.
Татбиқи пайгиронаи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани имкониятҳои дохилии соҳаи чорводорию моҳидорӣ ва дастгирии мунтазами давлат имкон дод, ки бозорҳои истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти чорво ва моҳӣ пур карда шаванд.
Таҳлили нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти чорво аз рӯи категорияҳои хоҷагиҳо нишон дод, ки 77,0 дарсади ҳаҷми умумии гӯшт бо вазни зинда, 90,3 дарсади шир ва 47,2 дарсади тухмро деҳқонон ва хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ташкил медиҳанд. Солҳои охир дар доираи барномаҳои рушди соҳаи чорводорӣ бисёр соҳаҳои хоҷагидорӣ, аз қабили чорводорӣ, гӯсфанду бузпарварӣ, паррандапарварӣ ба роҳ монда шуда, барои афзоиши саршумори чорво заминаи муҳим фароҳам оварда шудааст.
Тибқи ҳолати 1‑уми январи соли 2024 ҳангоми таҳлили маълумот оид ба саршумори чорво ва парранда аз рӯи категорияҳои хоҷагиҳо маълум гардид, ки саршумори чорвои калони шохдор 93,2 дарсад, модаговҳо 93,0 дарсад, гӯсфанду буз 85,8 дарсад ва паррандаҳо 39,0 дарсадро ташкил медиҳанд.
ТАҲЛИЛИ ИНВЕСТИТСИЯҲО БА САРМОЯИ АСОСӢ
Дар натиҷаи чораву тадбирҳои ба афзудани ҷозибадории инвеститсионии васеъмиқёс, ба вуҷуд овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ нигаронидашуда, аз ҷумла қабули қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30‑юми декабри соли 2021 «Дар бораи тасдиқи барномаи инвеститсияи барои солҳои 2022–2026 муқарраршуда, инчунин ҷорӣ намудани такягоҳ ва механизмҳои нави идораи лоиҳаҳои инвеститсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар вилоятамон натиҷаҳои баланди инвеститсионӣ ба даст оварда шуданд.
Дар моҳҳои январ-­декабри соли 2023 дар вилоят 26,6 триллион сӯмина маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ азхуд карда шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022‑юм 132,1 дарсадро ташкил дод.
Бояд гуфт, ки ин афзоиши баланд аз ҳисоби манбаъҳои ғайримарказии маблағгузорӣ таъмин гардиданд. Аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории мазкур 89,9 дарсади инвеститсияҳо, ё худ 23,9 триллион сӯмина инвеститсияҳо азхуд карда шуда, нисбат ба соли 2022 46,5 дарсад афзуданд.
Бешубҳа, тавсеаи минбаъдаи ислоҳот, ки ба баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ нигаронида шудааст, барои рушди босуръати иқтисодиёти кишвари мо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум замина фароҳам меорад.
ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ
Солҳои охир, дар вилоятамон бо мақсади дастгирии корхонаҳои содиротии маҳаллӣ ва ҳавасмандгардонии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, оптимизатсияи воридот ва таъмини мувозинати савдои хориҷӣ, дар маҷмӯъ як низоми мураккаби имтиёзҳо ба вуҷуд оварда шудааст.
Дар натиҷаи тадбирҳои дар соҳаи савдои хориҷӣ дар вилоят татбиқшуда, дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии вилоят ба 2,9 миллиард доллар ва нисбат ба соли 2022 ба 500,0 миллион доллар, ё худ 21,1 дарсад афзуд.
Дар гардиши савдои хориҷӣ ҳаҷми содирот ба 746,2 миллион доллар (афзоиш 17,2 дарсад) ва воридот ба 2,1 миллиард доллар (афзоиш 22,6 дарсад) расид. Дар давраи ҳисоботӣ тавозуни савдои хориҷӣ ба маблағи 1,4 миллиард доллар ба қайд гирифта шуд.
Вилояти мо бо 106 мамлакати ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ дорад. Саҳми нисбатан назарраси гардиши савдои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин (24,7%), Федератсияи Русия (22,4%), Қазоқистон (10,5%), Туркия (7,4%), АМА (2,9%), Тоҷикистон (2,5%) ва Озарбойҷон (2,3 %) рост меояд.
Бо мақсади либерализатсияи минбаъдаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ҳавасмандгардонии афзоиши маҳсулоти содиротӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва устувории молиявии ташкилоти содироткунандаи ватанӣ, беҳтар намудани фазои тадбиркорӣ тавассути барҳам додани расмиёти зиёдатӣ ва кўҳнашудаи иҷозатномадиҳӣ, инчунин, дар натиҷаи ислоҳоти татбиқшуда, шумораи содироткунандагон ба 640 нафар расида, аз ҷониби онҳо содироти молу хидматрасонӣ ба маблағи 746,2 миллион доллар (афзоиш 17,2 дарсад) таъмин гардид.

Шароф АБДИЕВ,
сардори Садорати статистикаи вилоят.