Ovozi.uz

Барои пешгирии тирбандӣ чӣ бояд кард?

Рӯзи 29‑уми январи соли равон таҳти раёсати сарвари давлат Шавкат Мирзиёев роҷеъ ба вазифаҳои устуворе, ки соли 2024 дар соҳаҳои хонаву ҷой, сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, нақлиёт ва экология амалӣ мешаванд, ҷамъомади видеоселекторӣ гузаронида шуд. Дар рафти ҷамъомад масъалаи тирбандӣ дар шаҳрҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, камбудиҳои соҳа зикр гардиданд ва аз рӯйи беҳсозии сифати хидматрасонии нақлиёти ҷамоатӣ ва кам кардани тирбандӣ ба мутасаддиён супоришҳо дода шуд.
Воқеан, имрӯзҳо дар аксарияти кӯчаҳои шаҳри Самарқанд тирбандии нақлиёт ба назар мерасад. Дар баъзе кӯчаҳо аз сабаби таъмири роҳ, ё гузаронидани шабакаҳои нави барқӣ, обӣ ва партовобҳо тирбандӣ ба амал ояд, дар баъзе кӯчаҳо аз сабаби бисёрии сабукравҳо ё бо сабабҳои дигар тирбандии дароз ҳосил мешавад. Дар ҳақиқат, сол то сол шумораи нақлиётҳои шахсию ҷамоатӣ зиёд мешавад. Бино ба маълумоти Садорати омор вилоят, ҳоло дар Самарқанд 492 743 адад воситаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла 437 303‑то сабукрав, 36 867‑то мошини боркаш, 969‑то нақлиёти махсус, 2 857‑то автобус ва 6 165 адад нақлиёти присепдор ҳаст. Ва афзудани шумораи нақлиёт тақозо мекунад, ки роҳҳоро васеъ ва нақбҳои нав бунёд карда, ҳамзамон роҳҳои нав кушода шаванд.
Имрӯзҳо дар чорраҳаҳои калони Даҳбед, Регистон, Шоҳи Зинда, Ибни Сино (назди коллеҷ), Рӯдакӣ, Навоӣ, Улуғбек (баргашт), С. Айнӣ дар аксар маврид шоҳиди тирбандӣ мегардем. Дар ин танбашавиҳои нақлиёт танҳо танг будани роҳҳо ва афзудани сабукравҳоро далел овардан нашояд. Гоҳо бетартиб рафтор кардани ронандагон, ба қоидаҳои роҳ амал накардани онҳо, дар канори роҳ ва нуқтаҳои манъшуда гузоштани нақлиёт низ боиси тирбандӣ мешаванд.
Дар ин маврид, борҳо дар саҳифаҳои рӯзнома, шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ чоп гардиданд, вале натиҷаи чашмрас ба даст намеояд.
Вақте сухан дар бораи тирбандӣ меравад, набояд фаромӯш кард, ки ин ҳолат ба саломатии инсонҳо низ таъсиргузор мебошад.
Чанде пеш равоншиносони амрикоӣ байни донишомӯзон, ки ҳар рӯз бо нақлиёти гуногун ҳаракат мекунанд, пурсишнома гузарониданд. Қариб аз чор як ҳиссаи иштирокдорон гуфтанд, ки ронандагон дар бисёр маврид аз рафторҳои якдигар асабонӣ мешаванд. Гурӯҳе аз онҳо аз тирбандӣ ва қисми дигар аз кам будани истгоҳҳои нақлиёт шикоят карданд.
Тибқи андешаи коршиносон дар аксар ронандагон дар натиҷаи камҳаракатӣ ва ҳар рӯз дар сари чамбараки мошин нишастан вазни зиёдатӣ ва мондашавии асаб мушоҳида мегардад.
Олимони японӣ низ ритми таппиши дили ходимони идораҳоро, ки дар роҳҳо вақт сарф мекунанд, санҷиданд. Вериабеллик — ин нишондиҳандаи баҳогузории соҳаи асаби симпатик ва парасимпатик мебошад. Агар вай аз меъёр афзояд, асаби инсон ба зӯроварӣ бардошт дода наметавонад. Инчунин, роҳи дароз ба стресс ва вайроншавии соҳаи асаб сабаб мегардад.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо аз ҷониби кормандони шӯъбаи бехатарии роҳи Садорати корҳои дохилӣ чорабиниҳои зарурӣ амалӣ гардида, барои осон кардани ҳаракат дар роҳ аломатҳои нави бехатарӣ гузошта мешавад. Лекин новобаста аз инҳо, тирбандиҳо меафзояд ва ин тақозо мекунад, ки дар ин самт афзунсозии назорати ҷамоатӣ ва баланд бардоштани маданияти ронандагии шаҳрвандон низ муҳим аст.

Н.БОБОАҲМАДОВ.