Ovozi.uz

Китобхони ҷавон соҳиби «Кобалт» шуд

Хонандаи синфи 8‑уми мактаби таълими умумии рақами 12‑и ноҳияи Ҷомбой Наргиза Муҳаммадиева дар зинаи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони ҷавон» («Ёш китобхон») дар баҳсҳои байни донишомӯзони 10–14-сола ғолиб ва соҳиби тӯҳфаи Президент — сабукрави «Кобалт» шуд.
— Дар мактаби мо барои ба мутолиаи китоб ҷалб кардани хонандагон шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст, — гуфт китобдори китобхонаи мактаб Гавҳар Эрматова. — 18 сол боз дар ин вазифа фаъолият мебарам. Маҳфили «Китобхони ҷавон»-ро роҳбарӣ мекунам. Дар давоми фаъолият амин гардидам, ки барои ба китоб меҳр бастани ҷавонон, пеш аз ҳама муҳити оила солим ва калонсолони оила бояд китобдӯст бошанд. Наргиза Муҳаммадиева дар чунин муҳит ба воя мерасад. Ӯ баробари китобдӯст будан, фанҳои дигарро низ бо баҳои аъло мехонад. Се сол боз дар озмуни «Китобхони ҷавон» иштирок намуда, дар зинаҳои ноҳиявиву вилоятӣ ҷойи аввалро гирифт. Солҳои 2021 ва 2023 дар зинаи ҷумҳуриятӣ низ фаъолона иштирок карда буд.
Дар ҳақиқат, тарбия дар оила шакл мегирад. Ба туфайли зиёд будани талабот ва шавқу ҳавас ба хондану таҳсил дар оила, хоҳари 13 солаи Наргиза — Саида низ мутолиаи китобро хеле дӯст медорад. Ӯ дар ин синну сол аллакай аз омӯзиши забони англисӣ шаҳодатномаи сатҳи С1‑ро дорад.
— Худ дар соҳаи таълим фаъолият набарам ҳам, мутолиаи китобро хеле дӯст медорам, — гуфт падари Наргиза Ӯлмас Муродов. — Наргиза ҳоло яксола набуд, ҳар рӯз ҳангоми китобхонӣ наздам омада, зеҳн монда менишаст. Як рӯз китобчаи ба синну солаш муносибро, ки бо ҳар гуна суратҳои шавқовар оро дода шуда буд, овардам. Онро дида, бо ду дастони майдаякаш чапакзанон хурсандӣ кард. Бо ҳамин, ҳар боре, ки ба мағозаи китоб медаромадам, ба ӯ низ китобчае мехаридам. Вақте ки мактабхон шуд, аввалин роман « Капитани 15-сола»-ро тӯҳфа кардам. Китоб ҳаҷман калон бошад ҳам, ба ӯ хеле маъқул шуд. Ҳамин тавр, Наргиза ба китоб меҳр баста, вақти холиашро ба мутолиаи китоб бахшид. Ҳар китоби барояш интихобкардаро, аввало худам хонда (ҳеҷ набошад мундариҷаашро) баъд ба ӯ тавсия мекунам. Зеро, китоби ба синну соли худ муносибро мутолиа кардани кӯдак муҳим аст. Вагарна, аз воқеаҳои китоб дилгир мегардад.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.