Ovozi.uz

Дезинформатсия ё худ зарурати мутолиаи интихобӣ

Аз паёмакҳое, ки ҳар рӯз ба телефон меоянд, дил безор шудааст: ё касе вафот кардааст, ё зиндонӣ шудааст. Инчунин, гапҳои бофта паҳн мешаванд, масалан, касе ба садама дучор мешавад, ё ба кома афтодааст. Ин даҳшатовар аст, ки истеъмолкунандаи оддӣ ва содда онро ҳамчун ҳақиқат қабул мекунад.

Шумораи одамоне, ки чунин маълумотро паҳн мекунанду «шодиёна» мегиранд, меафзояд. Ҳатто ба 90 дарсади паёмакҳое, ки ба шумо пешниҳод мешаванд, бовар накунед. Мо бояд фарқи байни маълумоти холису ҳақиқӣ ва сарфи назар кардани сарчашмаҳои беэътимодро ёд гирем.

Ман дар ин замина сухан рондам, ба худ андешидам. То ба наздикӣ, бештари маълумоти нигаронкунанда, аз қабили фалон ҳунарманди маъруф даргузашт, муҳокима шуд, зиндонӣ гардид ва ё дар садамаи нақлиётӣ дучор шуд, ифшои иттилоъоти маишианд, бофтаҳо мебошанд. Акнун бошад, ба назар мерасад, «иштиҳо»-и ашхоси бадният барои пешниҳоди мавзӯъҳое, ки ба фазои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳатто сиёсӣ дахл доранд, афзудааст.

Сарчашмаҳое, ки решаашон дар хориҷа аст, ба пурзӯр намудани ҳамлаи иттилоотӣ машғуланд, ҳадафи онҳо паст задани обрӯю нуфузи кишвари мо ва аз роҳ задани тафаккури мардум аст.

Имрӯз ин шакли ҷанг ба яке аз бузургтарин таҳдидҳо табдил ёфтааст. Дар замоне, ки ҷаҳонишавӣ ҳукми худро дар тамоми ҷаҳон мегузаронад, ҳифзи шаҳрвандон, бахусус насли наврас аз таъсири ғояҳои харобиовар ба амри рӯз табдил ёфтааст. Дар чунин шароит, аз нигоҳи тарбия аҳамияти рӯҳияи арзишҳо, расму оин ва анъанаҳои миллӣ, вазифаи эҷоди муҳтавои миллӣ дар арсаи иттилоот бояд мавқеи пешсафро ишғол намояд.

Президентамон 12‑уми январи соли 2024 дар ҷаласаи васеи Шӯрои Амният рӯзноманигоронеро, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ доштанд, ба эҷоди муҳтавои миллӣ дар фазои иттилоотии кишвар даъват карда, аҳамияти баҳодиҳии рӯйдодҳои ҷаҳон аз нигоҳи манфиатҳои миллии мо ва ҳифзи мардумамон аз ҳамлаҳои гуногуни иттилоотиро таъкид намуд.

— Пеш аз ҳама фаҳмидан ва дарк кардан лозим аст, ки контентро барои истифодабарандагоне, ки онро ба кор мебаранд, таҳия кардан лозим аст, — гуфт доктори илми филология Берунӣ Алимов. — Донистан ва гӯш кардани ниёзҳои корбарони маҳсулоти ВАО хеле муҳим аст. Табиист, ки корбар агар аз муҳтавои миллӣ иттилоъеро, ки ба ӯ таваҷҷуҳ ва ниёз дорад, пайдо накунад, дар ҷустуҷӯи манобеъи хориҷӣ мешавад. Ба ҷои ин, вақте корбарони миллии мо, бахусус ҷавонон аз манобеъи хориҷӣ маълумоти манфӣ мегиранд, ин маълумот ба ҷаҳонбинии онҳо таъсир мерасонад. Дар натиҷа, ҷои шубҳа нест, ки таълиму тарбияи ҷавонон халалдор шуда, орзуҳои неки падару модарони онҳо барбод меравад. Пешгирӣ кардани чунин ҳодисаҳо вазифаи мост.

Пас, ба ҷо овардани эҷоди матолиби миллӣ дар фазои расонаӣ, арзёбӣ ба ҳодисаҳои ҷаҳонӣ аз дидгоҳи манфиатҳои миллии мо то кадом дараҷа имконпазир аст? Мардуми ҷаҳони имрӯза дар замони таҳаввулоти ҷаҳонӣ зиндагӣ мекунанд, ки рӯз то рӯз густариш меёбад. Ба фикри мутахассисон, ин натиҷаи прогресси илмию техникии асри гузашта мебошад. Муваффақиятҳое, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба даст оварда шудаанд ва бо номи ҷаҳонишавӣ маълуманд, ба ҳамин пешрафти илмию техникӣ иртибот доранд. Бо вуҷуди ин, ҳама чиз дар зиндагӣ мусбат ва манфии худро дорад. Глобализатсия истисно нест.

Имрўз технологияи пешрафта мафҳумҳо ва падидаҳоеро ба зиндагии мо ворид кардааст, ки 10–15 сол пеш дар бораи онҳо ҳатто фикр намекардем. Даҳҳо ибораҳои марбут ба соҳаи иттилоот, аз қабили дезинформатсия, фактчекинг, кейс ва фейк дар луғати мо мустаҳкам ҷой гирифтаанд. Маълумот он қадар зиёд аст, ки ҷудо кардани он торафт душвортар мешавад. Агар контенти миллии худро нодида бигирем, чунон ки зиёиёнамон мегӯянд, барои расонаҳои хабарӣ ва манобеъи хабарии хориҷӣ имкони ворид шудан ба фазои иттилоотии миллии худамонро фароҳам меорем.

Чун фазои иттилоотии миллии мо аз иттилооте, ки аз хориҷ ворид мешавад, пур мешавад, ин ҳолат боиси боздоштани рушди мундариҷаи миллӣ мегардад. Дар натиҷа, мо метавонем онро аз даст диҳем. Бе мӯҳтавои миллӣ мо тадриҷан ҳуввияти миллӣ нахоҳем дошт. Хусусан, онҳое, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд истифода мебаранд, мушоҳида кардаанд: қариб 99 дарсади чашмони мусофирон ба гаҷети замонавии дастӣ дӯхта шудаанд. Чӣ кадар одамон аз ист­гоҳи даркориашон гузаштаанд, зеро фикру хаёлашон ба матои дар дастонашон буда банд аст.

Чиро тамошо мекунанд, чӣ мехонанд? Онҳо бо кӣ ва бо чӣ мақсад маълумот ва видеоҳои муҳимро мубодила мекунанд? Ба манбаъҳои иттилоот ва хабарҳои ғаразнок таваҷҷӯҳ доред? Чаро дар миёни мӯҳтавои дастрас онҳоеро, ки миллиятро тараннум мекунанд, ангуштшуморанд? Чаро сифат, аҳамият, мундариҷа ва объективии маҳсулоти медиа болотар аст? Мутаассифона, мо ба ин гуна саволҳо ҷавоб надорем, ҳатто агар бошад ҳам, қонеъкунанда нест.

Саволҳои бештар паи ҳам пайдо мешаванд. Оё ҷустуҷӯ ва эҷоди контенти босифат, мувофиқ ва ҷолиб ин қадар душвор аст?! Не, ин мураккаб нест. Барои ин, иқрор шавем, мо тамоми шароиту имкониятҳоро дорем…

Ҳангоми паҳн кардани ҳар як хабар, на танҳо дар бораи як тарафи он, балки дар бораи оқибатҳое, ки фардо метавонад оварад, бодиққат фикр кардан лозим аст. Зеро, сабаби паҳн шудани гуфтаҳои бардурӯғ ва бофта ва низоъҳо миёни мардум ин аст.

Паҳн кардани маълумоти нодуруст (дезинформатсия) аз рӯи ҳукми дини мо гуноҳи вазнин буда, масъулияти онро қонун муайян кардааст. Зеро, он метавонад ба инкишофи воқеаҳо ва тақдири одам таъсир расонад. Тағйироту навсозиҳои имрӯза дар кишвари мо на танҳо ҳамватанонамон, балки тамоми дӯстони дуру наздики моро низ ба ҳайрат меорад. Дар доираи ин тааҷҷуб маълум аст, ки ниятҳои нек, аз қабили ҳамдардӣ ба ислоҳот, пуштибонӣ, ҳамеша якҷо будан таҷассум ёфтааст.

Солҳои охир талошҳое, ки дар самти рушди кишварамон, некӯаҳволии мардуми мо оғоз гардидаанд, суботи савдои дохиливу хориҷии мо вазъи геополитикии Осиёи Марказиро низ тағйир дод. Ба роҳ мондани ҳамкории баробарҳуқуқу ошкоро бо ҳамсояҳо дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илму маориф ормонҳоро амалӣ гардонд.

Мутаассифона, қувваҳое ҳам ҳастанд, ки ин дигаргуниҳоро дида наметавонанд ва ба он бо чашми ҳасад менигаранд. Яке аз роҳҳои кумак ба «дӯстон»-и хориҷии мо, ки хабарҳои муғризона нашр мекунанд, беғаразона дар домени «uz»-амон аз байн бурдани «меҳнати пурзаҳмат»-и онҳост. Агар тамоми васоити ахбори умум аз рўи қонунгузории амалкунанда ва талаботи роҳбари давлатамон кор кунанд, хабарҳои хориҷӣ ҳеҷ гоҳ ба фазои иттилоотии мо таҳдид карда наметавонанд.

Нодир МАХМУДОВ, мухбири «Янги Ўзбекистон»